(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСанаҳои 15-18 октябри соли 2021 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба чавгонбозӣ байни бонувон (калонсолон) дар шаҳри Кулоб баргузор гардид, ки тими бонувони чавгонбози шаҳри Хуҷанд дар даври ниҳоии он ғолибият ба даст оварда, сазовори мақоми аввал шуданд.

Мусобиқаи мазкур бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Таъкид шуд, ки роҳандозӣ шудани ин мусобиқа баҳри дарёфти чеҳраҳои нав миёни ҷавонон ва шомил намудани онҳо ба дастаи мунтахаби мамлакат амалӣ карда мешавад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки чавгонбозӣ яке аз варзишҳои миллии мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, ҳамарӯза баҳри ташвиқу тарғиби ин намуди варзиш аз ҷониби кумита ва федератсияҳои дахлдор корҳои назаррас ба сомон расонида мешаванд.

Дар Тоҷикистон эҳёи чавгонбозиро ба солҳои 70-уми асри 20 алоқаманд медонанд. Чавгонбозони тоҷик дар се спартакиада — солҳои 1979, 1983 ва 1987 ҷойи панҷум-шашумро ишғол карданд. Дар бораи дастаи чавгонбоздухатарони «Суғдиён»-и Тоҷикистон, ки он айём яке аз дастаҳои пурқуввати собиқ ИҶШС буд, соли 1987 «Тоҷикфилм» филми «Духтарон аз Суғдиён»-ро ба навор гирифт.

Айни ҳол дар дар мактабҳои варзишии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Муъминобод гурӯҳҳои писарона ва духтарона фаъолият доранд. Аз ҳисоби варзишгарони беҳтарин дастаи мунтахаби Тоҷикистон созмон дода шуда, аъзои он дар мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ ширкат мекунанд. Дастаи яккачини Тоҷикистон моҳи августи соли 2017 дар чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуда, миёни 7 даста мақоми панҷумро касб кард.

Абӯалӣ ибни Сино чавгонро як намуди хуби бозиҳои варзишӣ ҳисобида, гуфтааст: «Чавгонбозӣ ҳамчун машқи серҳаракати муфид барои табобати баъзе бемориҳо тавсия дода мешавад».

Чавгон бозии варзишии даставӣ буда, ҳар як даста аз 11 нафар иборат мебошад. Бозӣ дар майдони махсуси андозааш 81 ба 50 метр доир шуда, давомнокии он 70 дақиқа аст, яъне он аз 2 қисми 35- дақиқагӣ бо танаффус иборат мебошад. Лавозимоти варзишие, ки дар бозӣ истифода мешаванд, ин чавгон ва тӯбча- гӯй мебошад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд