(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз тибқи ҷадвали баргузории вохўрии вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум бо интихобкунандагон дар МТМУ №25-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти вакили маҷлиси ваилони вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Чашмаи Арзана 7» Илҳом Исобоев бо интихобкунандагон сурат гирифт.

Илҳом Исобоев зими суханронии худ дар бораи татбиқи қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, аз ҷумла дар муддати панҷ соли оянда ба касбу ҳунаромўзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18 сола боло, бо касбу ҳунаромўзӣ фаро гирифтани писарону духтароне, ки пас аз хатми синфи нуҳум муассисаи таълимиро тарк намудаанд, ташкили ҷойи нави корӣ, пешгирии камшавии ҷойи кор, истифодаи сарфаркорони неруи барқ, қитъаи замини наздиҳавлигӣ, гирифтани се-чор ҳосил аз як замин, пешгирии ҷалби шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, донишҷўён, омўзгорону устодон ба таълимоти динӣ, иштироки онҳо дар расму оинҳои динӣ ва тақлидкорӣ ба либоси бегона, инчунин дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ дар доираи таҷлили 30 солагии истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, аз ҷумла афзуд, ки бо гузашти солҳо таърих собит намудааст, ки маҳз бо шарофати хизматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии мардуми тоҷик сарзамини мо ба макони сулҳу салоҳ табдил ёфт. Дар муддати солҳои начандон тўлонӣ Тоҷикистон ба рушди босуботи иқтисодӣ муваффақ гашт ва давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию ягонаи Тоҷикистон ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр дошта буданд, ки арзишмандтарин неъмати даврони Истиқлолият суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ ба шумор рафта, ҳамаи дастовардҳои мо ба он алоқамандии зич дорад.

Сипас, дар назди ҳозирин вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Инъомҷон Поччоев баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. «Истиқлолият» мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калидие мебошанд, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар шавад ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шаванд. Мардуми ватандӯст, бонангу номус ва матиниродаи шаҳри Хуҷандон, хусусан, бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, минбаъд низ дар ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллати куҳанбунёдамон бо ҳисси баланди миллӣ ҳушёру омода хоҳанд буд ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ ин гӯшаи Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта хоҳанд гардонид.

Дар ҷараёни мулоқот интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии “Чашмаи Арзана №7” доир ба муаммоҳои гуногуни ҷомеа ва пешниҳодоти мушаххас дар самти ободонии маҳалли зист андешаҳои хешро баён доштанд.

Бояд қайд намуд, ки чунин мулоқотҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз шаҳри Хуҷанд тибқи нақша дар дигар ҳавзаҳои интихоботӣ низ баргузор мегардад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар мулоқот Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд иштирок ва суханронӣ намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд