(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони «30-соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат» баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур намояндагони касбу кори гуногун, ҷавонони муваффақ, варзишгарони бомаҳорат, ғолибони озмунҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ, олимону муҳаққиқони ҷавон ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Нахуст раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳр Абдувосит Ғафуров баромад намуда, аз ҷумла зикр кард, ки воқеан ҳам ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон аз рўзҳои аввали фаъолияти худ тавонист мавқеи устувори ҷавонони худогоҳу худшиноси кишварро барои дастгирӣ аз сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ ва мутаҳҳид намояд.

Зикр гардид, ки ки рост омадани 30 – юмин солгарди таъсисёбии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба соли барои тамоми мардуми кишварамон мубораку муқаддас ҷашни фархундаи миллӣ 30 – юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан фоли нек арзёбӣ гардида, таъсисёбии иттифоқ шаҳодати бевоситаи дастовард ва самараи даврони соҳибистиқлолии ватани маҳбубамон маҳсуб меёбад.

Мусаллам аст, ки Истиқлолият рукни муҳим ва меҳварии давлатдорӣ ва давлатсозии навини мо буда, ҳифзу гиромидошти ин неъмати бебаҳо ба ҳайси арзиши муҳими умумимиллӣ ва давлатӣ ҳамчунин бо кору фаъолияти созандаи ҷавонони бофарҳангу соҳибирода, хештаншиносу ватандўст иртиботи қавӣ дорад. Аз ин рў, масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон дар маркази диққати ҳамешагии Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, барои пуштибонӣ ва дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишвар аз ҷониби давлату ҳукумат тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд.

Баҳри амалӣ гардонидани ҳадафҳои пешбининамудаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар самти роҳандозӣ намудани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои конститутсионии ҷавонони кишвар, ҷалби бештар ба ҷараёни демократикунонӣ, мусоидат дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати мутараққии ҳуқуқбунёд истифодаи васеи нерӯи созанда ба манфиати рушди давлат ва ҷомеа муваффақу комёб мегарданд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Мирзобек Мирзобоев ба самъи иштирокдорон табрикоти Раиси шаҳри Хуҷандро бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро расонид.

Ҳамчунин роҳбари намояндагии филиал дар Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ Ҷамшед Масаидов, ҷавонони фаъол Бобоев Мўҳсин ва Воҳидов Фаррух баромад намуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ ба як қатор ҷавонони фаъол Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд