(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори муассисаи таълимии давлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси роҳбарияти ин муассисаи таълимӣ ва Кумитаи иттифоқи касаба бо иштироки устодон, собиқадорон ва донишҷўён ба муносибати Рӯзи омӯзгорон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Алимат Мавлонзода, директори коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд кули омўзгорон бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки Давлату ҳукумат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Таъкид шуд, ки касби омўзгорӣ муқаддастарин пеша ва асоси пешбурди ҷомеа аст. Омўзгор дар замири шогирдон тухми некиву накўкорӣ кошта, эҳсоси баланди шинохт ва дўст доштани Ватан, Модар, Миллатро бедор менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи маорифро яке аз самтҳои стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлат эътироф намуда,ҷиҳати бузургдошти шахсияти муаллимону мураббиён ғамхориҳои бузург зоҳир менамоянд.

Сипас маърўзаю гуфтор ва шеърҳо дар васфи омўзгор ироа карда шуд.

Зикр гардид, ки воқеан ҳам Давлату Ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти соҳаи маориф ҳамчун пойдевори рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа диққати махсус зоҳир намуда, ин равандро мунтазам идома медиҳад. Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти аҳаммияти бузурги илму маориф дар ҳаёти ҷомеа ва давлат ба ин соҳа афзалият дода, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо маблағгузории онро мунтазам зиёд карда, тасмим дорад, ки ин корро дар оянда боз идома бахшад. Дигар ин, ки ҳамасола шумораи аҳолии кишвар афзуда, маҳалҳои нави истиқоматӣ таъсис ёфта истодаанд, ки дар онҳо фароҳам овардани инфрасохтори иҷтимоӣ, алалхусус, бунёд намудани муассисаҳои таълимӣ ва пурра фаро гирифтани фарзандони сокинон ба таълиму тарбия аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа. 

Саҳнаи ҷолиб аз ҳаёти рўзмарраи омўзгорон ба маърази тамошо гузошта шуд.

Устодони санъати шаҳри Хуҷанд ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ ба як қатор фаъолони соҳа ва собиқадорон аз ҷониби роҳбарияти Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд сипоснома ва ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд