(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрӯз бо садо додани Суруди миллӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум ба кори худ шуруъ намуд.

Дар кори иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, вакилони шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, раисони маҳаллаҳо, намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат намуданд.

Нахуст вакилон масъалаҳои баррасишавандаи рўзномаи иҷлосияи тасдиқ намуданд.

Аз рўи масъалаи якум: "Оид ба таъмини иҷрои қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи Хуҷанд роҷеъ ба тадбирҳои 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд" муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бошукӯҳи миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишу ғайрати худро равона сохта, ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гашт.

Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоxикистон аз 22 майи соли 2018, №1059 бо мақсади омодагии ҳамаxониба ба xашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоxикистон бо амри Раиси шаҳр аз 7 июни соли 2018, №109 аз ҳисоби роҳбарони ташкилоту идораҳо ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ҳамзамон нақшаи чорабиниҳои шаҳрö оид ба корҳои ободонию бунёдкорö ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоxикистон аз 14 июни соли 2018 тасдиқ карда шуд.

Ҳамзамон тибқи Амри Сарвари давлат роҳбари гурӯҳи кории шаҳрӣ аз аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста карда шуданд.

Баҳри тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ ва амалӣ гардонидани нақшаи чорабинии мазкур, ки аз 341 банд иборат буда, сохтмон, бунёд ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 510 иншооти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ба назар гирифта шудааст, дар давоми солҳои 2018-2021 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр зиёда аз 21 маротиба ситоди корӣ гузаронида шуда, ба масъулину аъзоёни гурӯҳи корӣ барои ҳарчӣ тезтар аз рӯи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида ба анҷом расонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ вазифагузориҳои мушаххас дода шуд.

Ин буд, ки дар шаҳри Хуҷанд дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина тибқи қарори Раиси вилояти Суғд аз 14.03.2018, №89 эълон гардидани 1300-рӯзи меҳнати зарбдор корҳои ободонию бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, баҳри иҷрои пурра ва босифати нақшаи чорабиниҳо тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардид.

Боиси хушнудист, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи таҷлили ҷашнҳои миллӣ ва давлатӣ давоми солҳои 2018-2021 ҳангоми сафарҳои корӣ ба шаҳри Хуҷанд дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоxикистон як қатор иншоотҳои гуногуни иҷтимоию хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Аз ҷумла, дар доираи ин сафарҳо аз ҷониби Пешвои муаззами миллат 11 адад корхонаҳои истеҳсолӣ, 6-адад муассисаҳои таълимии томактабӣ, ду иншооти сайёҳӣ, 5-адад иншооти маъмурӣ-истиқоматӣ, 6-адад марказҳои савдо ва хизматрасонии замонавӣ, 1-адад Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 3-адад марказҳои ташхисӣ-табобатӣ ва 1-адад Беморхонаи нави замонавӣ дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор дода шуда, боиси баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва хушнудии сокинони Хуҷандшаҳр гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки рӯзҳои наздик дар доираи сафари навбатии Меҳмонони олиқадр, тибқи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ дар шаҳр ифтитоҳи як қатор иншоотҳои ҷашнӣ, аз ҷумла мактаби хусусии “Оксфорд” барои 450 нафар хонанда, мактаби хусусии “Пӯлотов” барои 600 нафар хонанда, бинои нави Прокуратураи вилоятӣ ва тарабхонаи замонавии "Форел" мавриди баҳрбардорӣ қарор дода хоҳад шуд, ки дар натиҷа иҷрои пурра ва босифати нақшаи чорабинии ҷашнӣ амалӣ гардонида мешавад.

Сипас, вакилон рафти иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави короновирус дар шаҳри Хуҷандро баррасӣ намуданд.

Дар ҷараёни кори иҷлосия ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии "Дуредгарон" #6 Меҳрдод Қаҳҳорзодаро шуниданд.

Ҳамчунин як қатор қарорҳои Раиси шаҳр тасдиқ карда шуд.

Сипас, дар назди вакилон Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилоят суханронӣ намуд.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ба кори Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум ҳусни анҷом бахшид.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд