(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altТибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хучанд, бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва бо максади баланд бардоштани ҳисси ватандўстии ҷавонон, мустаҳкам намудани алоқаи дўстӣ байни онҳо мусобиқаи ҳарбӣ варзишии “Ҳомии Ватан” байни сарбозону афсарони қисми ҳарбии 6593 баргузор гардид.

Мусобиқа бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Чумхурии Тоҷикистон ва Рўзи шахри Хучанд гузаронида шуда, он аз рўи намудҳои тирпарронӣ, ба қисмҳо ҷудо ва ҷобаҷокунии АК ва партофтани норинҷак баи масофа гузаронида шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд