(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altАхиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди баста шудани МТУҒ “Мактаби хусусии Файз” матлабе ба нашр расид, ки сокинон фикру мулоҳизаҳои хешро дар шарҳи он баён доштанд, ки муҳтавои онҳо гуногун мебошад. Дар саҳифаи фейсбукии “Мой город Худжанд” ва “Ҷавонони Суғд” аз баста шудани мактаби мазкур изҳори нигаронӣ карда шудааст. Аммо мо бояд воқеъиятро дарк намуда, пеш аз навиштани шарҳу эзоҳ мулоҳизакор бошем. Ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонем, ки ба унвони Сардори раёсати маорифи вилояти Суғд ва муассиси МТУҒ “Мактаби хусусии Файз” мактуби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бекор намудани иҷозатномаи муассисаи мазкур ворид гардидааст.

Инчунин мактуби шуъбаи маориф ба унвони муассиси МТУҒ “Мактаби хусусии Файз” ва директори муассиса ирсол гардида, ба онҳо дастур дода шуда буд, ки то санаи 30 августи соли 2021 хонандагону омўзгоронро ба дигар муассисаҳои дилхоҳашон интиқол диҳанд. Оид ба ин масъула ҳам тариқи хаттӣ ва ё ҳам даҳонӣ маъмурияти муассиса борҳо огоҳ карда шуда буд, аммо, мутассифона, онҳо аз ин ҳолати ба амал омада, ба таври пурра падару модаронро огоҳ накарданд, ки ин боиси нофаҳмиҳо ва пайдо гаштани ҳар гуна овозаҳо гардид.

Азбаски МТУҒ “Мактаби хусусии Файз” дар қисмате аз бинои собиқ кӯдакистони №32 фаъолият мекард ва талаботҳои меъёрии иҷозатномаи додашударо дағалона вайрон намудааст, Агентии назорат дар соњаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи моддаи 14, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” амали иҷозатномаи фаъолияти муассиро бекор намудааст. Аз тарафи шуъбаи маориф ба омўзгорон ва хонандагон пешниҳод гардид, ки фаъолият ва таҳсили худро дар МТМУ №22 идома диҳанд.

Дар мавриди ояндаи бинои мазкур зикр менамоем, ки сокинон набояд ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар кунанд, зеро дар он ҷо сохтмони ягон манзили истиқоматӣ ба нақша гирифта нашудааст.


Шуьбаи маорифи
шаҳри Хуҷанд