(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altХуҷанди бостониро, ки маркази маъмурии вилояти Суғд маҳсуб меёбад, нақлиёти замонавии гуногунтамға зеб медиҳанд. Алалхусус, автобусҳои мусофиркашон, ки аз хориҷи кишвар вориди шаҳр гаштанд, ба Хуҷанди ҳамешаҷавон ҳусни иловагӣ зам намуданд. Аҳолии тақрибан 200 ҳазорнафараи шаҳр, албатта ниёз ба автобусҳои замонавии калону барҳаво дошт. Орзуи мардуми Хуҷандшаҳр амалӣ гашт. Санаи 1-уми августи соли 2018 қариб сад адад автобуси пурра ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ вориди шаҳр гардид. Хурсандии сокинонро ҳадду канор набуд, гурӯҳ-гурӯҳ одамон тариқи расонаҳои хабарӣ ба роҳбарони вилояту шаҳр ва масъулину алоқамандон сипоси бепоёни худро мерасонданд.

Инак, зиёда аз се сол аст, ки мардуми Хуҷандшаҳр аз хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии автобус истифода мебарад. Тавре огаҳӣ дорем, идораи мусофиркашонии шаҳри Хуҷанд ба пардохти ҳаққи роҳкиро тағйирот ворид кардааст.

Шурӯъ аз санаи 1-уми сентябри соли равон якчанд хатсайри автобус фаъол гардид ва иқдоми қатъиро пеш гирифт. Фақат шахсонеро ба дохили автобус роҳ доданд, ки корти нақлиёт доранд. Таъкид карданд, ки минбаъд ҳаққи роҳкиро тавассути корти нақлиёт сурат мегирад. Яъне, ҳар сокинро зарур аст, ки корти нақлиёт харидорӣ намуда, вориди автобус гардад ва ба ҷойи дилхоҳ равад. Мардум аз муносибати қатъии ронанда ва хазинадор (кондуктор) ҳайрон монд. Бархе бо ронандаву хазиначӣ муноқиша кард, бархе ба исрори ронанда эътибор надода, бо мушту лагад вориди автобус шуданӣ мегардид. Дигаре бо тааҷҷуб мегуфт, ки корти нақлиёт барои чӣ лозим? Гӯё мафҳуми корти нақлиётро бори аввал шунида бошад. Ҳол он ки расо як сол инҷониб масъалаи бо корти нақлиёт таъмин шудани шаҳрвандон чи аз ҷониби масъулини КДК «Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд», чи тавассути расонаҳои хабарӣ ва худи ронандагону хазиначиён ба мардум расонида мешавад. Ҳатто дар дасти ҳар хазиначии автобус корти нақлиётро дидан мумкин буд, ки харидории онро талаб менамуд. Аммо, мутаассифона, баъзе сокинон парвои харидории корти нақлиётро надоштанд.

То кадом дараҷа масъалаи мазкурро шаҳрвандон қабул карданд ва оё пардохти ғайринақдӣ ба манфиати кор аст? Бо чунин суол ба КДК «Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд» муроҷиат кардем.

Дар сӯҳбат масъули бахши имтиёзҳо Зафар Зоидов хабар расонд, ки хизмати автобус қатъиян тариқи ғайринақдӣ, яъне бо корти нақлиёт ба роҳ монда шудааст. Бояд гуфт, ки як сол инҷониб вобаста ба ин масъала корҳои муҳим ба анҷом расиданд. Вале, мутаассифона, бо сабабҳои номаълум баъзе шаҳрвандон аз харидории кортҳои нақлиёт саркашӣ мекунанд. Онҳо пардохти нақдиро беҳтар ва авло медонанд. Аниқтараш, чунин менамояд, ки ба ин система бовар надоранд.

Тавре огаҳӣ дорем, дар ҳар хатсайри автобус, ки дар шаҳр ва берун аз он фаъолият мебарад, дастгоҳи замонавии пардохтии «Валидатор» насб гардидааст. Фаъолияти чунин дастгоҳи замонавӣ қобили қабул буда, кори ронанда ва ҳам мусофирро осон мегардонад. Сокинонро зарур аст, ки минбаъд аз нуқтаҳои фурӯш кортҳои бо ном «Корти нақлиёт» харидорӣ намоянд. Ҳамчунин, кортҳои «Наврас», «Донишҷӯ», «Ройгон», «Имтиёзнок» фаъол буда, шаҳрвандони ба ин табақа тааллуқдошта онро харида, истифода мебаранд. Яъне, «Корти нақлиёт» барои тамоми мусофирон, ки пурра ҳаққи роҳкироро пардохт мекунанд, тааллуқ дорад. Корти «Наврас» барои кӯдакони аз 5 то 12-сола пешбинӣ шудааст. Аз кӯдакони 5 то 12-сола тариқи корти мазкур 50 фоизи роҳкиро ситонида мешавад. Корти «Донишҷӯ» барои муҳассилини макотиби олӣ, коллеҷу техникум ва ғайра тааллуқ дошта, ба онҳо 10 фоиз тахфиф пешбинӣ гардидааст. Аниқтараш, агар ба ҳамагон ҳаққи роҳкиро 1 сомонӣ бошад, барои донишҷӯ 90 дирам муқаррар шудааст. Кортҳои «Наврас» ва «Донишҷӯ»-ро бо ҳуҷҷатҳои лозима метавон аз муассисаи Душанбе Сити дастрас намуд.

Масъалаи кортҳои «Ройгон» ва «Имтиёзнок», ки аз онҳо маъюбони гурӯҳҳои 1, 2, кормандону нафақахӯрони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳарбӣ, бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи атомии Чернобил, ҷанговарони Афғонистон, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, вакилони халқ, суд-иҷрочиён истифода мебаранд, мавриди муҳокима қарор доранд. Дар сурати баррасӣ шудани ин масъала онҳо бемамоният аз хизматрасонии автобус истифода хоҳанд бурд.

Зафар Зоидов илова намуд, ки мусофир ҳар вақте бихоҳад, ба корташ маблағ мегузаронад. Он ҳамчун захира дар корт меистад. Чун корт бо маблағ таъмин аст, бемамоният савори автобус гашта, ба макони дилхоҳ мерасад. Ба терминалҳои пардохтӣ, ки дар он барномаи «Корти нақлиёт» навишта шудааст, кортро гузошта, рақами телефони мобилии шахсиро мечинад, маблағро месупорад ва он фавран ба ҳисоб мегузарад. Ин масъала ягон ҷойи мушкилӣ ва ё хавотирӣ надорад, баръакс кори ҳам мусофир ва ҳам ронандаро осон мегардонад. Дастгоҳи «Валидатор» дар ҳар автобус, назди ронанда насб шуда, ба дохил шудану фуромадани мусофирон монеа эҷод намекунад. Бо вуҷуди гарон шудани нархи сӯзишворӣ нархи роҳкирои автобус тағйир наёфтааст. Дохили шаҳр 1 сомонӣ, берун аз шаҳр 1 сомониву 70 дирам муқаррар гардидааст. Ин ғамхории давлату ҳукумат нисбати шаҳрвандон арзёбӣ мегардад.

Шаҳрвандоне, ки ба кортҳои худ аз 50 сомонӣ зиёд маб-лағ мегузаронанд, КДК «Нақлиёти мсофиркашони шаҳри Хуҷанд» имтиёз медиҳад. То ба итмом расидани маблағ 15 фоиз тахфиф ҷорӣ мешавад.

Шаҳрвандон оид ба тағйир ёфтани пардохти ҳаққи хизмати автобусҳо розианд ва онро талаби замон унвон карданд:

Малика Иброҳимова, корманди соҳаи тиб: - Албатта, тариқи корт пардохт кардани ҳаққи хизмати роҳ талаби замон аст. Мо бояд ин иқдомро дастгирӣ кунем, зеро ба фоидаи худамон аст. Нархи автобус арзон ва қулай мебошад. Бо 2 сомонӣ ба кор мераваму боз хона бармегардам. Оилаи мо пурра аз корти нақлиёт истифода мебарад. Мо аз иқдоми мазкур хурсанд ҳастем, зеро он ба фоидаи буҷаи оилаамон аст.

Марҳабо Саидбурҳонова, корманди комбинати ободонӣ: - Алҳол пурра аз корти нақлиёт истифода мебарам. Осон ва қулай аст. Аммо, баъзе шаҳрвандон худро чунон вонамуд мекунанд, ки гӯё нав номи корти нақлиётро шунида бошанд. Масалан, рӯзе савори автобус шудам. Як зан бо хазиначӣ ҷанҷол дошт. Аз либоси зан маълум буд, ки ӯ корманди БДА «Амонатбонк» аст. Бечора хазиначӣ ва ронанда бо ҳар услубу баён, бо забони тоҷикӣ мазмуни корти нақлиётро мефаҳмонд, вале ӯ намефаҳмид. Аниқтараш, фаҳмидан намехост. Ҳар нафари дар дохили автобусбуда моҳияти фоидаовар будани кортро мефаҳмид, вале ин зан дарк карда наметавонист. Охир корти нақлиёт яккарата нест! Ҳисоби онро низ мисоли телефон пур карда истифода мебаранд.

Муқимҷон Отаҷонов, нафақахӯр: - Баробари масъалаи корти нақлиёт, муаммои таваққуфи автобусҳоро низ бояд назорат кард. Автобус моли давлат аст, илова ба ин, истгоҳҳо маҳз барои он сохта шудаанд. Албатта, хизмати микроавтобусҳо назаррасанд, аммо автобусҳо ҷойи махсуси худро дошта бошанд. Аксар вақт автобус ба истгоҳ таваққуф карда наметавонад. Якум, дуюм, ҳатто сеюм қатор бо микроавтобусҳои «Газел» пур ҳастанд. Илова ба ин, хазиначиёни микроавтобус чунон дод зада, мусофиронро ҷеғ мезананд, ки гӯё мардум рақаму ба куҷо равон будани хатсайрҳоро намедонад. Ин бениҳоят гӯшхарош асту касро нороҳат мекунад. Бечора ронан- дагони автобус маҷбур ба қатори сеюм-чаҳорум таваққуф намуда, мусофиронро мефароранд. Ман барин нафақахӯрони солхӯрда аз сабаби халал расонидани микроавтобусҳои «Газел» то автобус рафта наметавонем. Ё, бо азоби бисёр, тарс аз он ки мабодо ягон микроавтобуси «Газел» ба ман барнахӯрад, сӯи автобус меравам. Куҷо шуд маданияти шаҳрдорӣ? Наход ин манзара ҳамеша моро ташвиш диҳад? Оё илоҷе ҳаст, ки ин масъала ҳалли худро ёбаду мардум бемамоният вориди автобус шавад? - бо ҳамин суханон марди нафақахӯр хайрухуш кард.

Инчунин, донишҷӯён аз иқдоми пешгирифтаи КВК «Нақ-лиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд» хушҳолӣ баён карданд. Иброз доштанд, ки равуо бо корти нақлиёт арзон ва фоидаовар аст.

Ногуфта намонад, ки маҳз баъди ворид шудани автобусҳо ҳусни шаҳр бештар гардида, истгоҳҳои замонавӣ сохта шуданд. Тибқи маълумот дар шаҳри Хуҷанд 120 истгоҳи замонавӣ сохта шуд, ки Хуҷандшаҳрро ҷило медиҳад. Ин ҳама созандагиву бунёдкорӣ ва иқдомҳои наҷиб маҳз ба манфиати шаҳрвандон нигаронида шудааст.


Таҳмина АЮБОВА,
«Тирози ҷаҳон»