(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altМаъмури Юсуфзод, котиби матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд, Аълочии матбуоти Тоҷикистон дар озмуни умумиҷумҳуриявии эълоннамудаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «30 соли Истиқлолияти давлатӣ-қадамҳои устувор дар ҳифзи муҳити зист» дар номинатсияи маводи матбуотии озмун мақоми аввалро ба даст оварда, бо Дипломи дараҷаи 1 қадршиносӣ карда шуд.

Субҳи имрўз дар маҷлиси тантанавӣ бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳру навоҳии вилоят аз номи Баҳодур Шерализода, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолиб Диплом ва маблағи озмунро сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Абдуаҳад Ҳакимзода тақдим намуд.

Мубораку фархунда бод, дастоварди навбатӣ!


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд