(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altБо мақсади фароҳам овардани шароити таълиму тарбия ва ба камол раоснидани мутахасисони соҳаи тиб дар шароити ҷавобгў ба замони муосир ба бинои нави Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд санги асос гузошта шуд.

Ин тадбир дар доираи таҷлил аз 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Раиси вилояти Фарғона, раисони чор шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва устодону донишҷўёни ин муассисаи таълимӣ сурат гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави таълимӣ дар ҳудуди имрўзаи Коллеҷи тибби шаҳри Хуҷанд сохта шуда, аз 4 ошёна бо фарогирии 500 ҷойи нишаст сохта мешавад. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкати ватании ҶДММ “Саноат ва сохтмон”-и шаҳри Хуҷанд амалӣ карда мешавад. Интизор меравад, ки бинои таълимии номбурда, соли оянда дар рўзҳои таҷлили 30 солагии Иҷлосияи таърихӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид зимни суханронии худ таъкид дошт, ки ҳифзи солимии аҳолӣ дар даврони истиқлоли давлатӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат эълон гардида, барои рушди соҳаи тандурустӣ то имрӯз тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуданд. Маблағгузории соҳаи тандурустӣ сол ба сол зиёд гардида, танҳо дар 20 соли охир беш аз 16 миллиард сомониро ташкил кард. Дар ин давра барои фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии мамлакат зиёда аз 2550 муассисаи нави тиббӣ бунёд карда шуд ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид. Инчунин, дар доираи омодагӣ барои таҷлили 30 – солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар қариб 2000 иншооти тандурустӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ 33 ҳазор нафар ҷавонон муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ ва беш аз 158 ҳазор нафар коллеҷҳои тиббиро хатм карданд. Дар натиҷаи тадбирҳои барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ амалигардида соли 2020 нисбат ба соли 1991 фавти кӯдакон 3 баробар ва фавти модарон 4 баробар коҳиш ёфт. Аз ин ҳисоб афзоиши табиии аҳолӣ мунтазам дар сатҳи 2,1 фоиз таъмин гардида, соли ҷорӣ ба 2,4 фоиз расидааст. Пайдо ва паҳн шудани бемории сироятии коронавирус барои низоми тандурустии кишвар имтиҳони ҷиддие буд, ки табибони мо онро паси сар карданд ва имрӯз низ дар ҷабҳаи пеши мубориза бо ин бемории хатарноки сироятӣ қарор доранд. Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки омода кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиб, аз ҷумла мутахассисони бемориҳои сироятӣ, вирусшиносон ва кормандони озмоишгоҳҳо яке аз вазифаҳои муҳимму фаврӣ мебошад.

Сипас бо иштироки меҳмонон санги асос ва нома ба наслҳои оянда гузошта ба бинои нави таълимии коллеҷи тиббӣ гузошта шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд