(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altФаслҳои тобистону тирамоҳ мавсими ҷамъу бастабандӣ, хушконидани меваю сабзавот ва дигар зироатҳои кишоварзӣ мебошанд. Занҳо дар ин мавсим ба бастабандии нӯшобаву мураббо ва хӯришҳоро машғул мешаванд ва дар фаслҳои минбаъда онро истеъмол менамоянд. Бояд қайд намуд, ки ҳамаи он маҳсулоте, ки тайёр карда мешаванд, бояд бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ омода ва ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ бошанд. Вагарна он ба саломатии инсон зарар эҷод менамояд. Зеро ҳолатҳое ҳастанд, ки ҳангоми тайёр кардани афшурда, мураббо ва консерваҳо барои зимистон маҳсулоти ғизоӣ нағз тамиз намешаванд ва зарфҳои нигоҳдорӣ ба таври зарурӣ коркард нашуда, меваю сабзавот дар онҳо маҳкам карда мешаванд. Дар ин ҳолат консерва ба вайроншавӣ рӯ оварда, сабаби заҳролудшавӣ ва ба бемории ботулизм гирифтор шудани истеъмолкунанда мегардад.

Дар ин самт аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо ташкили маъракаҳои густурдаи фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии сироятёбии шаҳрвандон, бахусус гирифтор нашудан ба бемории ботулизм роҳандозӣ шуда истодааст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ботулизм яке аз бемориҳоест, ки вобаста ба тарзи дурусти истеъмол кардани ғизо алоқамандии зич дорад. Вақте ки маҳсулоти ғизоӣ нағз коркард намешавад ва одамон ҳангоми омода кардани он ба тозагӣ риоя намекунанд, он маҳсулоте, ки барои зимистон тайёр карда мешавад, намуди худро гум карда, рӯ ба вайроншавӣ меорад. Дар ин ҳолат шахси истеъмолкунанда ба бемории ботулизм гирифтор мешавад. Бояд гуфт, ки ботулизм ин бемории ниҳоят вазнин ва хатарнок барои ҳаёт буда, бо марг меанҷомад ва бо таъсир ба системаи асаб, вайрон намудани биноӣ, фурӯбарӣ, нутқ ва ҳолати вазниншавии нафаскашӣ суръат мегирад.

Мутахасисон тавсия медиҳанд, ки дар маҳсулот токсини ботулизм афтида бошад, шахс ҳатто дар вақти чашидан ҳам метавонад заҳролуд шавад. Дар вақти истеъмол намудани консерваҳои дар шароити хона тайёркардашуда боэҳтиёт бошем, ба намуди зоҳирӣ ва ҳолати онҳо аҳамият диҳем. Консерваҳо дар вақти кушодан набояд бо фишор кушода шаванд.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд аз шаҳрвандон эҳтиромона даъват ба амал меорад, ки дар ҳолати бад шудани ҳолати саломатӣ ва пайдошавии аввалин аломатҳои беморӣ таъҷилан ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат намоянд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд