(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Директори донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Саидӣ аз рўйи натиҷаҳои озмуни эълоннамудаи Академияи бисёрсоҳавии таҳсилоти давомдори Федератсияи Русия аз рўйи фаъолияти навоварӣ дар соҳаи инноватсияи таҳсилоти олӣ ғолибият ба даст оварда, бо медали тиллоии «"Барои кори навоварона дар соҳаи маориф"-и Федератсияи Руссия қадршиносӣ гардид.

Субҳи имрўз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баъди анҷоми баргузории конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба дастоварди 30 соли Истиқлолият медали тиллоро ба Дилафрўз Саидӣ, директори донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд тақдим намуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки медали тиллоии мазкур бори аввал ба роҳбарияти муассисаҳои олии мамлакат дода мешавад ва ҳадаф аз мукофотонидан бо медали мазкур, ҳавасмандии роҳбарони муассиаҳои олӣ ва омўзгорони навовард дар ташаккулу муаррифии илми муосир ва идоракунии замонавӣ мебошад.

Медали мазкур баъд таҳлил ва хулосабарорӣ аз ҷониби комиссияи махсуси Академияи бисёрсоҳавии таҳсилоти давомдори Федератсияи Русия дода мешавад.

Муборак бошад!


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд