(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ҳар ҳафта бо ташкили чорабиниҳои тарғиботиву амалисозии ҳашарҳои дастҷамъонаю аксияҳои гуногун аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд ба истиқболи ҷашни бузурги таърихии 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ маъракаҳои гуногун амалӣ гардида, ба зебогии шаҳри Хуҷанд ҳусни дигар зам карда мешавад.

Ҳафтаи сипаришуда аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд аксияи «Тозагии соҳил» амалӣ карда шуд, қамишзорҳои дохили дарё ва канори он, алафҳои худрўйи соҳил, партовҳои истеъмолии пластикию полиэтиленӣ ба пуррагӣ тоза карда шуд, ки он дар баробари мунаввар ва зебо шудани дарёи Сир, ҳамзамон яке аз омилҳои муҳими пешгирӣ аз пайдоиши ҳама гуна бемориҳои сироятӣ мебошад.

Бояд шаҳрвандон дарк намоянд, ки дар ҳама ҳолат муҳимтарин вазифаи инсоният - ин ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб меравад, зеро мо ҳамарўза аз ҳавои тоза нафас мекашем, ҳавои ғализ ва чиркин ба саломатии мо хавф эҷод намуда, ба бемориҳои гуногун оварда мерасонад.

Тозагию нафосат, поку озода намудани маҳали зист ва назди соҳил, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ободу хуррамгардонии диёри хеш яке аз анъанаҳои қадима аҷдодони шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб рафта, он бояд дар оянда низ идома ёбад. Зеро маъруфияти «Тирози ҷаҳон» аз зебогӣ, пуртароват ва мунаваррии ин шаҳри бостонӣ аз қадимулайём сарчашма гирифта, боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як сокини он аст.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд