(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар асоси дастури Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии бемории короновирус дар 22 маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳр корҳои фаҳмондихӣ ҷиҳати эмгузаронӣ сурат гирифта истодааст.

Таъкид шуд, ки имрӯзҳо аксари сокинони шаҳр бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксина мегиранд ва аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати саривақт дастрас намудани ваксинаи зидии бемории каронавирус сипосгузории хешро иброз медоранд.

Хотиррасон мешавем, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад. Ба ақидаи мутахассисони соҳа, алҳол ваксина ва тадбирҳои пешгирикунанда – пӯшидани ниқоби тиббӣ, пайваста шустани дастҳо, риояи масофаи байни ҳамдигар аз роҳҳои асосии паст кардани шиддати ин бемории фарогир мебошанд.

Нафароне, ки то ҳол ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, бояд ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.

Зикр гардид, ки баъзе инсонҳо вокуниши ғайрифаъолро бо даъватҳои беасос намуда, аз эмгузаронӣ даст кашида истодаанд, ки он бар зарари саломатии худи онҳо ва атрофиёнашон аст. Эмкунӣ роҳи боэътимоди муҳофизати худ ва наздикон аз ҷараёни сироятёбии шадиди Ковид-19 мебошад. Бо назардошти динамикаи паҳншавии коронавирус, дер ё зуд ҳама инфексияро гирифтор хоҳанд кард, аз ин рӯ беҳтар аст, ки бадани худро ба он пешакӣ омода намуда, худро бо муҳофизати иммунӣ таъмин намоем.

Ягон нафар аз сӯзандоруи ваксина бемор намешавад ва дар он зарраҳои вирусӣ мавҷуд нест, ки афзоиш ёбанд. Мо набояд фаромӯш кунем, ки ҳатто одамони солим, ки ба Covid-19 гирифтор нестанд, шояд бинобар беэҳтиетӣ аз ягон бемор сироят меёбанд ва роҳи ягонаи халосӣ ин эмкунӣ мебошад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд