(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади тақвияти корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии нави короновирус, бахусус суръатбахшии эмгузаронӣ дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳр мулоқоти роҳбарияти ин марказ бо раисони маҳаллаҳои шаҳр ва имомхатибони масоҷиди ҷомеъ баргузор гардид.

Азаматхўҷа Воҳидов, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ҳадафи мулоқотро шарҳ дода аз ҷумла афзуд, ки паҳншавии бемории сироятии коронавируси намуди нав — COVID-19 масъалаи доғест, ки имрўз тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Мутаассифона, марҳилаю тамғаҳои гуногуни ин беморӣ ахиран ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ роҳ ёфта, ба саломатии ҳамватанонамон таҳдид менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус дар мамлакат тадбирҳои мушаххас андешида, ин масъалаи муҳимро пайваста таҳти назорати қатъӣ қарор додааст.

Азаматхўҷа Воҳидов афзуд, ки айни ҳол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти мавҷуд будани хавфи сироятёбӣ ба навъҳои дигари бемории Ковид-19 ва пешгирии мавҷҳои нави шиддатноки ин беморӣ навъҳои гуногуни ваксинаро дарёфт ва ворид намуда, дар саросари кишвар нуқтаҳои эмгузаронӣ (ваксинатсия) ташкил намудааст.

Ҳадаф аз эмгузаронии шаҳрвандон, новобаста ба пир ё ҷавон будани онҳо, аз масуниятдор кардани бадани онҳо алайҳи бемориҳои муайяни сироятӣ мебошад. Дар ҳақиқат масуниятдор кардан яке аз омилҳое мебошад, ки баданро қавӣ намуда, онро барои мубориза ба муқобили беморӣ қодир месозад.

Баъзе инсонҳо вокуниши ғайрифаъолро бо даъватҳои беасос намуда, аз эмгузаронӣ даст кашида истодаанд, ки он бар зарари саломатии худи онҳо ва атрофиёнашон аст.

Эмкунӣ роҳи боэътимоди муҳофизати худ ва наздикон аз ҷараёни сироятёбии шадиди Ковид-19 мебошад. Бо назардошти динамикаи паҳншавии коронавирус, дер ё зуд ҳама инфексияро гирифтор хоҳанд кард, аз ин рӯ беҳтар аст, ки бадани худро ба он пешакӣ омода намуда, худро бо муҳофизати иммунӣ таъмин намоем.

Ягон нафар аз сӯзандоруи ваксина бемор намешавад ва дар он зарраҳои вирусӣ мавҷуд нест, ки афзоиш ёбанд.

Мо набояд фаромӯш кунем, ки ҳатто одамони солим, ки ба Covid-19 гирифтор нестанд, шояд бинобар беэҳтиетӣ аз ягон бемор сироят меёбанд ва роҳи ягонаи халосӣ ин эмкунӣ мебошад.

Раисони маҳаллаҳои шаҳр ва имомхатибони ҷомеъ ҳушёрӣ, ҷасурӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, кумак ба нафарони бемор ва бурдани корҳои дурусти фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, афзалият доштани эмгузарониро ба мардум фаҳмононанд. Зеро мо имрӯз пешорӯи имтиҳони ҷиддие қарор дорем, ки танҳо ҳамбастагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, роҳ надодан ба ваҳм, тарсу ҳарос ва риояи қатъии тавсияҳои табибон имкон медиҳад дар мубориза ба ин вирус дастболо гардем.

Дар ҷараёни мулоқот мубодилаи афкор сурат гирифт.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд