(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон бунёду азнавсозии иншооти таъиноташ гуногун, аз ҷумла маъмурию иҷтимоӣ, хизматрасонӣ, маорифу фарҳанг ва ғайраҳо ҷараён дорад. Аз ҷумла, сохтмони бинои муассисаи таълимии хусусии “Мактаби Пўлотов” дар маҳаллаи “Ваҳдат”-и шаҳри Хуҷанд бомаром идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз раванди сохтмони ин мактаб боздид намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои хуштарҳу замонавии муассисаи таълимии хусусии “Мактаби Пўлотов” аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 1200 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Бинои нави таълимӣ бунёдшаванда дорои 31 синфхонаи таълимӣ буда, дар ояндаи наздик бо кабинетҳои фаннӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.

Омӯзиш дар ин даргоҳи маърифат бо забонҳои тоҷикию русӣ ба роҳ монда шуда, 30 нафар омӯзгори ботаҷриба ба таълиму тарбияи хонандагон ҷалб карда мешаванд.

Дар муассисаи таълимӣ китобхонаи электронӣ низ пешбинӣ гардидааст. Дар мактаб маҷлисгоҳ, ошхона ва нуқтаи тиббӣ бо утоқи дандонпизишкӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар ҳудуди муассисаи нави таълимӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагон ба намудҳои гуногуни варзиш 3 майдонча барои намудҳои гуногуни варзиш пешбинӣ шудааст.

Муассисаи нави таълимӣ дар доираи ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби профессор Пӯлод Пӯлодов муассиси ҳамноми мактаб бунёд шуда истодааст.

Сохтмони бинои таълимӣ соли 2014 оғоз шуда, корҳои бунёдкорию паймонкориро ширкати сохтмонии “Мубин” дар уҳда дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини сохтмонӣ ва роҳбарияти шаҳр ҷиҳати анҷом додани босифати корҳо ва ободонии ҳудуди мактаб дастуру супоришҳо дод ва таъкид шуд, ки бинои нави таълимӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманд барои хонандагону омӯзгорони шаҳри Хуҷанд мешаванд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд