(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни як боздид аз шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни корҳои сохтмонии бинои нави маъмуриии прокуратураи вилояти Суғд дар микроноҳияи 34-уми маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд шиносоӣ пайдо намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави прокуратураи вилояти Суғд дар масоҳати 0,50 га бунёд гардида, як адад бинои маъмурии 7 ошёна ва як бинои 3 ошёнаи хизматрасониро ташкил медиҳад. Беш аз 100 адад утоқҳои корӣ, маҷлисгоҳ барои 300 нафар, ошхона ва дигра инфрасохтори хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст. Пудратчии иншоот ҶДММ «СМС» буда, дар ин майдони сохтмон беш аз 100 нафар сохтмончиён фаъолият намуда, ба ҳисоби миёна то 3000 сомонӣ маош гирифта истодаанд. Асосан корҳо ба анҷом расида, корҳои пардозӣ бо суръат идома дорад. Бояд қайд намуд, ки тарҳи бино муосир буда, яке аз иншооти хуштарҳи замонавӣ дар шаҳри Хуҷанд мешавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки дар қаламрави вилоят бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 6500 иншооти таъиноташ гуногун сохта ба истифода дода мешавад. Ин имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ ва шароити арзанда ба мардум муҳайё гардад. Ин ҳама дастгиригириҳо ба шарофати сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда мешавад.

Ба масъулини дахлдор ҷиҳати бартараф намудани иншооти ғайриқонунии ҳудуди бинои бунёдшудаистода ва кабудизоркунии атрофи он дастуру супоришҳо дода шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд