(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБа истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идораву корхонаҳои шаҳри Хуҷанд амалҳои бунёдкоронаву созандагӣ идома дорад.

Дар ин радиф аҳли ҷомеаи меҳнатии КВДК “Хуҷандобуканал” бо истифода аз маблағҳои захиравӣ ва ҳашарҳои дастҷамъона иқдомҳои бунёдкориро анҷом дода истодаанд. Аз ҷумла, барои рафтуомади бемамонияти кормандон, муштариён роҳи корхона аз хиёбони Садриддин Айнӣ то идораи КВДК “Хуҷандобуканал” пурра мумфарш карда шуда, макони истгоҳи автомашинаҳо низ музайян гардонида шуд.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити созгор ба кормандон ва муштариёни соҳили рости шаҳр бинои хизматрасонӣ мавриди азнавсозӣ қарор гирифта, таъмиру таҷдид шуда истодааст. Алҳол дар ин мавзеъ корҳои сохтмонӣ муташаккилона идома дошта, интизор меравад, ки то рўзҳои таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд