(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар МТМУ №31-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарварон, муовинон, равоншиносон, сармуҳосибон, роҳбарони созмонони талабагӣ, идоракунии сифати таълим, маркази рушди истеъдодҳо, иттифоқҳои касабаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрии Хуҷанд машварат баргузор гардид.

Муҳайё Акмалхўҷаева, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар машварат шинос гардида, бо роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳр суҳбати озоду ошкоро намуд.

Таъкид гардид, ки имрӯз аз ҷониби Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати пиёда намудани сиёсати маорифпарварони Асосгузори сулҳу Ваҳадти миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зиёд андешида мешавад. Таъмиру азнавзосии муассисаҳои таълимӣ, таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ, дастгирии молии соҳибистеъдодҳо, ҳавасманднамоии ғолибони олимпиадаю озмунҳои байналмилалӣ ва ғайра аз тадбирҳои амалишуда дар ин самт ба шумор меравад.

Аз масъулин талаб карда шуд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҷиҳати бо амри дилу виҷдон фаъолият намудан кӯшиш кунанд ва баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия аз тамоми василаҳо истифода намоянд.

Сипас дар синфхонаҳои алоҳида бо ҳузури роҳбарон ва масъулини сохторҳои гуногун, аз ҷумла сарварони муассисаҳои таълимии шаҳр машваратҳои назариявӣ дар мавзуъҳои мухталиф гузаронида шуданд.

Аз ҷумла, дар бораи тартиби ташкил ва гузаронидани атестатсияи кадрҳои роҳбарикунанда ва кормандони соҳаи маориф, таҳлили ҷанбаҳои асосии методикаи фанҳо дар муносибати босалоҳият ва таълим, мактаб дар замони муосир ва идораи он дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ, мақомоти худидора ва усулҳои ҳамкорӣ дар таълим, идоракунӣ ва нақши роҳбари мактаб дар муҳайё намудани муҳити мусоиди корӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳавасмандии кормандон ва ғайра пешниҳод ва мавриди баррасӣ қарор дода шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд