(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСубҳи имрўз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба маҳаллаҳои Сари баландӣ ва Ҷабборов Расулови шаҳр рафта, аз раванди бунёди Марказҳои нави хизматрасонии ин маҳаллаҳо аз наздик шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар як мавзеъи ноободи маҳаллаи Сари баландӣ барои сокинони маҳалла як Маркази нави хизматрасонӣ, иборат аз чойхона, дорухона, нонвойхона бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд шуда истодааст, ки дар арафаи таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ба масъулини соҳа ҷиҳати анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ ва ободу хуррамнамоии атрофи он дастуру супоришҳо дод.

Дар гузари Қўшҳавзи маҳаллаи Ҷаббор Расулови шаҳр низ чойхонаи ҳамноми гузар бо инфрасохтори хизматрасонӣ мавриди азнавсозӣ қарор гирифта истодааст.

Фирдавс Шарифзода аснои боздид таъкид дошт, ки эҳёву гиромидошти расму оини аҷдодӣ ва иҷрои амалҳои бунёдкорона баҳри ободии як гӯшаи диёр ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ гардида, марҳила ба марҳила чунин марказҳои хизматрасонӣ ва бахусус чойхонаи маҳаллаҳо бунёд ва ба истифода дода мешаванд.

Бунёди чунин марказҳо ва таъмини шароитҳои муосир нишонаи баланди фарҳанги маҳалладорӣ ва омили муҳими тарбияи насли оянда дар роҳи ватанпарварию хештаншиносӣ мебошад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар баробари иншооти маорифу тандурустӣ, саноатӣ, ҳамчунин то охири соли ҷорӣ ба истифода додани 20 майдончаҳои нави варзишӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим амалӣ карда мешаванд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд