(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар толори бинои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд бо иштироки кормандони соҳа бахшида ба Рузи табибон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Сайфуддин Каримов, муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят Маъруф Ҳоҷибоев, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд Тахмина Усмонова, раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ва дигарон иштирок намуда, ҳозиринро бо Идӣ касбӣ табрику муборакбод намуданд.

Таъкид гардид, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои пешрафти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд, ки “соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давоми қариб се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст”.

Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки мавқеи табибон беҳтар ва дараҷаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ боз ҳам баландтар бардошта шавад. Аз ҷумла, соли 2021-ум бо мақсади беҳтар кардани таъминоти моддиву техникии муассисаҳои тиббии вилоят, ҷиҳати ҳифзи сиҳатии омма ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ 592,4 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд, ки нисбат ба соли сипаригардида 64,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Айни замон, дар вилоят ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёди созандагию бунёдкорӣ ҷараён дошта, дар ҳафт моҳи соли 2021 сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармими 53 иншооти нигаҳдории тандурустӣ, аз ҷумла 5 беморхона, 12 бунгоҳи саломатӣ, 7 маркази саломатӣ, 3 таваллудхона ва 25 дорухона ба итмом расонида шуданд.

Ҳамагон огоҳ ҳастем, ки ду сол инҷониб барои тамоми кормандони соҳаи тиб соли санҷиши донишу маҳорати касбӣ, давраи вазнини мубориза бар зидди бемории сироятии Ковид – 19 идома дорад. Дар ин муддат табибони вилоят бо ҷасорату матонат ва ҷоннисорӣ барои пешгирии паҳншавии беморӣ ва наҷоти беморон кӯшида, ҷони ҳазорон нафар шахсони беморро аз марг раҳо бахшиданд, ки саҳми кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳру навоҳии вилояти Суғд назаррас аст.

Сипас ба як қатор фаъолони соҳа ифтихорнома ва туҳфаҳо тақдим карда шуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ филми мустанад дар бораи кору пайкори табибон, бахусус дар давраи пандемия намоиш дода шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд