(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар МТМУ№22-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки зиёда аз 700 нафар омӯзгорон машғулияти методии кормандони муассисаҳои таълимӣ аз рўйи сикл фанҳои таълимӣ сурат гирифт, ки дар он беш аз 700 нафар омўзгорон аз макотиби миёнаи шаҳр иштирок намуданд.

Дар синфхонаҳои алоҳида бо ҳузури муаллимони тахассусӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, математика, таърих ва ҳуқуқ, забони англисӣ, химия, биология, экология, география, суруд ва мусиқӣ, тарбияи ҷисмонӣ, технологияи иттилоотӣ ва ғайра бо назардошти мавзуъҳои тавсияшудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби омӯзгорони соҳибтаҷрибаю эҷодкор машғулиятҳо гузаронида шуданд.

Намояндагони шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд машваратро оғоз карда, ҳадафи ташкили чунин машғулиятҳоро такмили маҳорати касбии кормандони соҳаи маориф, омӯзиш, тарғиб ва истифодаи таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ, ҷалби омӯзгорон ба корҳои илмӣ-методӣ ва ширкати онҳо дар озмоишҳои педагогӣ унвон намуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ҷараёни машғулият омӯзгорон барнома ва нақшаҳои таълимиро низ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд