(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо азму талоши роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва дастгирии Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини пурраи аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, бахусус дар маҳаллаҳои навбунёд бо роҳандозии лоиҳаҳо ва маблағгузории мутамарказ тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

Тавре ки маълум аст, аз ҷониби Маъмурияти корхонаҳои сохташудаистодаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии маҳаллаҳои навбунёди соҳили рости шаҳри Хуҷанд идомаи сохтмони иншооти «Хатти обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд», зериншооти «Ҳавзҳои захиравии оби нӯшокӣ минтақаи 1 ва 2 бо хатҳои обгузар» корҳо муташаккилона пеш рафта истодаанд.

Бо бунёди инфрасохтори зарурии обтаъминкунӣ танҳо дар соли ҷорӣ 7-адад кӯчаҳои маҳаллаи 1-2 ва 2 адад кӯчаҳои маҳаллаи 4-5 бо оби нӯшокӣ аз ҳавзҳои захиравии маҳаллаи 14-ум пайваст шуданд, ки беш аз 2000 нафар аҳолӣ аз он баҳравар гардиданд. Сокинони шаҳри Хуҷанд ин иқдоми наҷибонаро ғамхории навбатии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва самараи татбиқи сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карданд.

Интизор меравад, ки то охири соли ҷорӣ аз рӯи нақша-чорабинӣ бахшида ба ҷашни 30-солагӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои ба пурраги ба анҷом расонидани як қатор корҳо ба нақша гирифта шудаанд, аз ҷумла итмом бахшидан ба сохтмони ҳавзи захиравии оби тозаи 2500м3 №2 дар маҳаллаи 14-ум ва хобонидани қубурҳои қутрашон гуногун то саргаҳи кўчаҳо пешбинӣ шуда, боз то 10 адад кўчаҳои маҳаллаҳои навбунёд ба хати тозаи оби нўшокӣ пайваст карда мешаванд. Ҳамин тавр, марҳила ба марҳила тамоми кўчаҳои навбунёди шаҳр бо хати обрасонӣ таъмин мегарданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки моҳи июли соли гузашта бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали «Хати обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи аввали ин иншоот, ки дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо дастуру ҳидояти бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуд, зиёда аз 15 ҳазор аҳолии маҳаллаҳои навбунёди 4, 5, 14 ва 15-и шаҳри Хуҷанд бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мегарданд.

Дар доираи татбиқи марҳилаи аввали ин лоиҳа, ки асосан таҷдид ва зиёд намудани иқтидори истгоҳи рақами 4-и Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал»-ро дар бар мегирад, дар муҳлати се сол 6 чоҳи амудӣ бо чуқурии 180 метр, 4 ҳавзи бузург бо ғунҷоиши 6 ҳазор метри мукааб об, як адад пойгоҳи обкашӣ бунёд ва 2 ҳазору 900 метр қубурҳои қутрашон аз 355 то 500 миллиметр васл гардида, ҳамчунин барои фаъолияти муназзами ин шабакаи муосири обрасонӣ ду адад трансформатори тавоноиаш 1000 киловолт-ампер насб ва аз масофаи қариб 14 километр бо истифода аз 46 пояи оҳану бетонӣ хати интиқоли неруи барқ кашида шудааст.

Бо татбиқи ҳамаҷонибаи ин лоиҳа дар маҷмӯъ 10 ҳавзи бузурги захираи об ва дигар иншооти зарурӣ бунёд гардида, наздики 50 ҳазор аҳолии маҳаллаҳои навбунёди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо оби тозаи ошомиданӣ пурра таъмин карда мешавад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд