(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба Рўзи варзишгарон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба шиноварӣ варзишагрони соли таваллудашон 2005-2007, 2008-2009, 2010 ва хурд ташкил ва гузаронида шуд.

Мусобиқа дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии ба номи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” гузаронида шуда дар он зиёда аз 45 нафар варзишгарони наврасу ҷавон аз ҷумла 15 нафар духтарон аз рўи масофаҳои 50м тарзи озод, 50м тахтапушт, 50м брасс, 50м баттерфлай байни ҳам рақобат намуданд. Мусобиқа тибқи қоидаи Федератсияи байналмиллалӣ оид ба шиноварӣ баргузор гардид.

Дар натиҷа 24 нафар сазовори ҷои якум, 24 нафар сазовори ҷои дуюм ва 24 нафар сазовори ҷои сеюм гардиданд.

Мақсад аз баргузории мусобиқа ин тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани наврасон, ҷавонон ба ин намуди варзиш ва тарғибу ташвиқи намуди шиноварӣ байни омма дар шаҳри Хуҷанд, мустаҳкам намудани алоқаи дўстӣ байни варзишгарон ва баланд бардоштани маҳорати варзишии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби шаҳри Хуҷанд оид ба шиноварӣ ба ҳисоб меравад.

Дар охир ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо медал ва ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ карда шуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд