(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба Рўзи варзишгарон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба бадминтон байни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалӣ оид ба бадминтон баргузор гардида, дар он наврасону ҷавонон аз рўи барномаи рақобати инфиродӣ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Ҳадаф аз баргузории мусобиқа ин густариши намуди бадминтон, ҷалби васеи наврасону ҷавонон алалхусус духтарон ба ин намуди варзиш, мустаҳкам намудани дўстӣ байни варзишгарон ва дарёфти чеҳраҳои нав ба ҳисоб меравад.

Мусобиқа дар толори “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд ташкил ва гузаронида шуда, дар он зиёда аз 30 нафар варзишгарон аз ҷумла 14 нафар духтарон иштирок намуднд. Дар натиҷа 4 нафар сазовори якум, 4 нафар сазовори ҷойи дуюм ва 4 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо диплом, медалҳо ва тўҳфаҳоти хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадршиносӣ гардиданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд