(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба таҷлили Рўзи Варзишгарон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба тирпарронӣ байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон ташкил ва гузаронида шуд.

Мусобиқа байни наврасон аз рўи барномаҳои ВП-1 ва ПП-1, байни ҷавонон аз рўи барномаҳои ВП-1 ва ПП-1 ва байни калонсолон аз рўи барномаи ПП-2 баргузор гардида дар он 70 нафар варзишгарон аз ҷумла 30 нафар бонувон ширкат варзиданд.

Мақсад аз баргузории мусобиқа ин ташаккули тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббати онҳо нисбат ба Ватан, оммавӣ гардонии варзиш, ҷалби бештари наврасону ҷавонон алалхусус духтарон ба ин намуди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад.

Мусобиқаи мазкур дар Комлекси варзишии “Тирпарронӣ” воқеъ дар маҳаллаи Мевағули микроноҳияи 13-ум гузаронида шуда, дар он 10 нафар сазовори ҷойи якум, 10 нафар сазовори ҷойи дуюм ва 10 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо диплом, медалҳо ва тўҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадршиносӣ гардиданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд