(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрўз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз раванди бунёди корхонаи нави истеҳсоли халтаҳои ҳаҷман калон воқеъ дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ошноӣ пайдо намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи нав - «Азияполитекс» барои истеҳсоли халтаҳои гуногун пешбинӣ гардида, дар масоҳати 1, 6 бунёд гардида, маблағи сармоявии ширкат 2 миллион доллари амрикоӣ буда, марҳила ба марҳила ба 10 миллион доллари ИМА расонида мешавад, дар сурати мавриди истифода қарор гирифтани марҳилаи аввали он беш аз 100 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Азияполитекс» иттилоъ доданд, ки таҷҳизоту техникаи зарурӣ аз хориҷи кишвар ворид ва насбу васл карда мешавад. Барои дар муҳлати пешбинишуда ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ супориш дода шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки саноатикунонии мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид, таъкид намуд, ки ин иқдомро саноатчиёни вилоят ҳаматарафа дастгирӣ намуда, ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ месозанд. Дар ин замина дар минтақаи озоди иқттисодии “Суғд” заминаҳои васеъи роҳандозии фаъолият муҳайё карда шудааст.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд