(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо таваҷҷуҳ ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ иншооти гуногуни хизматрасонӣ бунёд карда мешаванд. Аз ҷумлаи чунин иншоот тарабхонаи «Форел» мебошад, ки дар соҳили рости дарёи Сир бунёд шуда истодааст. Ин иқдоми шоиста бо мақсади муаррифии зарфиятҳои соҳаи сайёҳиву ҷалби сайёҳону гардишгарон ба кишвари офтобрӯяи Тоҷикистон дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд низ амалӣ карда мешавад.

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз раванди сохтмони тарабхонаи «Форел» ошноӣ пайдо намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки тарабхонаи «Форел» барои ҷалби сайёҳон бахусус хориҷиён нигаронида шуда, дар атрофи он барои шаҳрвандон мавзеъҳои истироҳатӣ бунёд карда мешавад. Аз ҷумла бунёди як шиногоҳ ба нақша гирифта шудааст.

Алҳол қисми асосии иншоот пурра ба итмом расида, корҳои пардозӣ ва зеббахшии бомаром идома дорад. Муассиси ширкати «Форел» Муҳсин Шодиев иттилоъ дод, ки иншоот аз таҳхона ва 3 ошёна иборат буда, тўйхона ва якчанд адад кабинаҳои истеъмоли хўрока иборат буда, баъди истифодабарии он беш аз 50 нафар шаҳрвандон соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.

Тавре, ки маъулин иттилоъ доданд, лоиҳаи мазкур дар Осиёи Миёна камназир буда, бо тарҳи зебо ва истифодаи унсурҳои милливу аврупоӣ сохта мешавад. Соҳили дарёи Сир, ки аз мавзеъҳои хушманзараи маркази вилоят маҳсуб меёбад, бо бунёди чунин иншооти наву замонавӣ ва ба талаботи имрўз мувофиқ боз хам зеботар мегардад. Мувофиқи лоиҳа тарабхонаи замонавии "Форел" бо харҷи бештар аз 4 миллион сомонӣ бунёд мегардад. Маълумот дода шуд, ки ошпазҳо дар мамолики хориҷ ба курсҳои омўзишӣ ҷалб гардида, бо ин васила дар тарабхонаи замонавии "Форел" хизматрасони дар сатҳи баланд ба роҳ монда мешавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти ширкати «Форел» ҷиҳати суръатбахшии босифати корҳо дастуру супоришҳо дода, баҳри ободонии атрофии он, ташкили инфрасохтори сайёҳӣ машварат дод.

Аз ҷумла, дастур дода шуд, ки дар зудтарин фурсат шиногоҳи нави мутобиқ ба меъёрҳои беҳдоштӣ барои шаҳрвандон сохта ба истифода дода шавад. Таъкид шуд, ки атрофи иншоот пурра тоза карда шуда, барои мардум шароити созгори истироҳату фароғат дар соҳили дарёи Сир муҳайё гардад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки тарабхонаи «Форел» аз ҷониби ҶДММ «Форел» сохта шуда истодааст, давоми соли ҷорӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд