(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар партави дастуру супоришхои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбияи наврасону ҷавонони донишманд, дар минтақаи шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд бо саҳмгузории соҳибкори муваффақи ватанӣ Саидмурод Давлатов сохтмони “Мактаби Оксфорд” дар шаҳри Хуҷанд бомаром идома дорад ва дар арафаи анҷомёбист.

Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ҷараёни бунёди ин муассисаи шакли нави таълимии муосир боздид намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур бо тарзу усули хосаи меъмории донишгоҳи шаҳри қадимаи “Оксфорд”-и Британияи Кабир бунёд гардида истода, дорои тамоми имконоти таҳсилу иқомат ва фаъолият мебошад.

Бино ба маълумоти мавҷуда дар мактаби "Оксфорд" 450 нафар ба таҳсил фаро гирифта мешаванд ва барои таълиму тарбияи онҳо дар баробари кадрҳои маҳаллӣ худуди 20 нафар омўзгорон аз хориҷи кишвар ҷалб карда мешаванд. Айни замон дар ин иншооти ҷашнӣ 170 нафар коргарон ба кор чалб гардида, бино ба маълумоти масъулин барои амалӣ шудани лоиҳа беш аз 22 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳ равона шуда, бо бунёди чунин муассисаҳои нав сифати таълиму тарбия боло бардошта шуд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бунёди чунин муассисаи таълимии замонавиро натиҷаи амалӣ гардидани сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод намуда, изҳори боварӣ карда шуд, ки хатмкунандагони он дар бузургтарин донишгоҳҳои олам таҳсил намуда, барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми худро мегузоранд.

Интизор меравад, ки иншооти муҳими таълимӣ дар арафаи ҷашни бузурги 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии чумҳурии азизамон Тоҷикистон дар соли хониши нави 2021-2022 мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Муассиси мактаб тасмим гирифтааст, ки дар ин маҳзани таълимӣ усули таълими байналмиллалӣ ва замонавиро роҳандозӣ намояд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муассиси иншоот дастур дод, ки корҳои сохтмонӣ тибқи нақша роҳандозӣ гардида, босифат ба анҷом расонида шавад. Ба корҳои ободонии ҳудуди муассиса мароқ зоҳир гардад. Хатмкунандагони ин муасссаи таълимӣ дар оянда ба муассисаҳои олии Аврупо дохил шуда, ба Ватану миллати хеш хизмати содиқона намоянд. Алҳол корҳои рангуборӣ ва бунёди майдончаҳо варзишии муассисаи таълимӣ бомаром идома дорад.

Бояд қайд намуд, ки Донишгоҳҳои Оксфорд ва Кембриҷи Британияи Кабир аз ҷумлаи муассисаҳои таълимии хеле шуҳратманду бонуфузи олам ба ҳисоб мераванд ва таҳсил дар чунин муассисаҳои сатҳи ҷаҳонӣ орзуи ҳар як наврасу ҷавон мебошад. Аммо барои дохил шудан ба ин гуна донишгоҳҳо омодагии амиқу ҳамаҷонибаи довталабон зарур аст ва на ҳамаи хоҳишмандон метавонанд ҷавобгӯи талаботи онҳо бошанд.

Хушбахтона бо дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар мамлакат намояндагии донишгоҳу коллеҷ ва макотиби зикршударо дар кишварамон таъсис гардида, дар заминаи онҳо ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои шомил шудан ба зинаи таҳсилоти олии донишгоҳҳои зикршуда омода шуда истодаанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд