(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рўзи варзишгарон ва 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозии силсилаи мусобиқот пешбинӣ гардидааст.

Мусобиқаҳои варзишӣ аз рўи намуди футбол, волейбол, гимнастикаи бадеӣ, тирпарронӣ, бадминтон, шиноварӣ, қаиқронӣ, ҷиу ҷитсу, карате-до ва ғайраҳо баргузор мегардад.

Мусобиқоти номбурда аз санаи 5-уми август оғоз ва то санаи 10-уми августи соли ҷорӣ дар толор ва дигар мавзеъҳои варзишӣ баргузор ва идома ёфта, ғолибон бо туҳфаҳои арзишманд қадршиносӣ хоҳанд шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳамасола санаи 10-уми август дар қаламрави мамлакат Рўзи варзишгарон таҷлил карда мешавад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд