(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили Рӯзи варзишгарон мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба футбол байни наврасони соли таваллудашон 2008-2009 оғоз гардид.

Мусобиқа дар варзишгоҳи "Спартак" ва майдони футболи Мактаби варзишии №1 баргузор гардида, дар он зиёда аз 200 нафар футболбозон дар ҳайати 12 даста байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд.

Ҳадаф аз баргузории мусобиқа ин густариши намуди футбол, мустаҳкам намудани дўстӣ байни наврасону ҷавонон ва дар ин замина пешгирии онҳо аз ҳар гуна ҳодисаҳои номатлуб, мусоидат намудан ба иҷрои вазифаи давлатӣ оиди тарбияи солими аҳолӣ, ташвиқу тарғиб ва рушду инкишофи бозии футбол дар байни омма ба ҳисоб меравад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд