(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altПас аз эътироф гардидани бемории короновирус ҳамарӯза тибқи дастури Ситодҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ дар тамоми ҷабҳа корҳои мубориза ва фаҳмондиҳӣ пурзўр гардида, фаъолияти шабонарўзии масъулини ситод роҳандозӣ карда шудаанд. Яке аз тадбирҳои ҷилавгирӣ аз ин беморӣ маъракаҳои поккорӣ мебошад, ки беш аз як моҳ инҷониб дар қаламрави шаҳри Хуҷанд муташаккилона идома дорад.

Ин тадбирҳо аз ҷониби сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аз ҷумла хадамоти оташнишонӣ, Шуъбаи Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Маркази назорати давлатии сантирию эпидемологӣ, бозрасии давлатии автомобилӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва таъмини солимии шаҳрвандон роҳандозӣ гардида, нахуст он дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон, кӯчаву хиёбон, боғҳо, мавзеъҳои фароғатӣ, истгоҳҳои нақлиётӣ ва ғайра гузаронида шуданд.

Ин навбат корҳои безараргардонӣ дар кўчаҳои Шарќ Фирдавсї Себзор, кӯчаҳои маҳаллаҳои “1 май” ва “Сари баландӣ” бо ҷалби кормандони воҳидҳои махсуси сохторҳои шаҳрдорӣ бо сафарбаркунии мошинҳои махсус ва дастгоҳҳои безараргардонӣ сурат гирифтанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки мавҷи сирояти нави ҳозира дорои дараҷаи баланди сироятнокӣ мебошад. Миқдори зиёди беморӣ бенишон буда, аломатҳои клиникавӣ надорад, ки ин сабаби ноаён ва тез паҳншавии беморӣ дар байни аҳолӣ гардида истодааст. Аз ин дидгоҳ шаҳрвандонро зарур аст, ки боэҳтиёт бошанд, бепарво нагарданд, бениқоб набошанд, гигиенаи ҷамъитиро риоя ва фосилаи иҷтимоиро нигоҳ доранд. Тарсро дар вуҷудашон ҷой надиҳанд, вале ҳатман эҳтиёткор бошанд.

Бо вуҷуди андешидани тадбирҳои пешгирӣ ва роҳандозии корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ риоя нагардидани тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандон ва марказҳои савдою хизматрасонӣ ба чашм мерасад, ки ин сабаби нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд