(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСоати чори субҳи 22-юми июли соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи санҷидани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон 100 ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар тамоми қаламрави мамлакат бо бонги хатар ҷамъ оварда шуда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.

Дар чорабинии зикршуда, ки таҳти унвони «Марз-2021» гузаронида шуд, 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва махсус, 447 воситаи артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 тайёраву чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ дар самтҳои амалиётӣ ба минтақаҳои иҷрои вазифаи ҷангӣ бароварда шуданд.

Ин чорабинӣ дар тамоми қаламрави кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд доир шуда, соати ҳафти субҳ бо натиҷаҳои сатҳи баланд ҷамъбаст гардид.

Чорабиние, ки ҳамагӣ 3 соат идома ёфт, аҳамияти бузурги стратегӣ, минтақавӣ ва умумиллӣ дошт. Дар 3 соат дастоварди беназири иқтидори ҳарбии мамлакати соҳибистиқлол давоми 30 сол ба маърази тамошо гузошта шуд.

Мушоҳида карда шуд, ки иқтидори ҳарбии мамлакат аз тасаввур бештару беҳтар аст, баростӣ то ба ин сатҳ расидани техникаву лавозимоти ҳарбӣ, тартибу низом, аслиҳаву муҳимоти муосири ҷангӣ муҷаҳҳаз намудани Артиши миллӣ ва мақомоти қудратии Тоҷикистони азизамон дар тамоми қаламрави кишвар боиси аҳсану офарин аст. Табиист, ки ин ҳама бо сайъу талоши Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои шабонарӯзии ин абармарди миллат рўйи кор омадааст. Зеро Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро бисту ҳашт сол муқаддам дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии кишвар, яъне дар рӯзҳое, ки кишварро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони Тоҷикистон ва пароканда гардидани миллати тоҷик воқеан ба миён омада буд, дар майдони холӣ аз таъсис дода шуд.

Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имкониятҳои ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд ва ин равандро имрӯз низ идома дода истодааст.

Бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан, яъне афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар айёми ниҳоят душвор ва барои мардуми кишвар тақдирсоз сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барқарор гардида, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Яъне афсарону сарбозони ватандӯст ва бонангу номуси мо дар давраи бисёр мураккабу вазнин вазифаи таърихии худро дар назди Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон содиқона ва ҷавонмардона иҷро карданд.

Мегўянд, ки “Иштирок дар машқи низомӣ аз ҷанг душвортар аст”. Ин бесабаб нест. Воқеан ҳам масъулияти азим ва ҷиддиро чунин машқҳои низомӣ аз ҳар як иштирокчии он талаб дошт. Мушоҳидаҳои пахши мустақим собит намуданд, ки воқеан ҳам бо далериву чолокӣ дар як мудати кўтоҳ аскарону афсарон ва шаҳрвандони дар эҳтиёт буда бо техникаву лавозим ва олоти ҷангӣ дар маконҳои муайяншуда саф кашиданд.

Баргузории чунин маъракаи умумимиллӣ дар шароити ниҳоят ҳассоси минтақа ва ҷаҳони имрӯза рўйи кор омад ва бешубҳа иқтидор, тавоноӣ ва аз ҳама муҳим якдилию якмаромӣ ва сарҷамъии шаҳрвандонро алайҳи ҳамагуна таҳдиду зуҳуррот собит сохт. Маълум гардид, ки ҳифз кардани амнияти халқи тоҷик ва давлати тоҷикон, фазои ороми сиёсиву ҷамъиятӣ, яъне сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат барои давлатдории мо аҳаммияти аввалиндараҷа ва сарнавиштсоз дорад. Вазъи кишвари ҳамсояи мо – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, алалхусус, минтақаҳои шимолии он, ки бо кишвари мо ҳамсарҳад мебошанд, бениҳоят мушкилу номуайян боқӣ монда, авзои онҳо рӯз ба рӯз мураккаб гардида истодааст.

Дар иртибот ба вазъи ноороми минтақа таъкид намуд, ки мо бояд барои ҳимояи сулҳу оромии ба қимати бисёр гарон бадастовардаамон, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату халқамон ҳамеша омода бошем.

Мушоҳидаи муҳим ва омўзанда он буд, ки иштирокдорони машқи низомӣ, бахусус афроди эҳтиётӣ бо ҳисси баланди ватандўстӣ, бо эҳтиромгузорӣ ба либоси ҳарбӣ ва масъулияти хештанпарварӣ фаъолона ширкат варзиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамояд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор медиҳад, то зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати куҳанбунёдамонро аз даст надиҳем.

Мардуми Тоҷикистон бо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне фарзандони содиқу вафодори худ ифтихор мекунанд ва эътимоди комил доранд, ки хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистони соҳибихтиёр дар оянда низ аз уҳдаи ҳимояи Ватан, давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар бо сарбаландӣ мебароянд.

Мусаллам аст, ки иқтидор ва қобилияти ҷангии ҷузъу томҳои ҳарбӣ, пеш аз ҳама, аз сатҳи касбияти мутахассисон, яъне кадрҳои низомӣ, донишу таҷриба ва маҳорату малакаи онҳо вобаста мебошад. Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги ин масъала мо то имрӯз дар дохили кишвар ва дар беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбӣ беш аз даҳ ҳазор кадрҳои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯи низомиро тайёр кардем. Ҳоло боз ҳазорҳо нафар ҷавонони мо дар муассисаҳои тайёр кардани кадрҳои ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар таҳсил карда истодаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо маротиба аз минбари бонуфузтарин созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ масъалаи ҳалли мушкилоти Афғонистонро ба миён гузошта, таъкид намудаанд, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва мушкилоти ин кишвар бояд бо роҳҳои мусолиматомез ва осоишта ҳаллу фасл карда шавад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ санаи 22. 07. 2021 дар дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба қазияи Афғонистон зикр намудаанд, ки: “Бо дарназардошти чунин таҷрибаи талхи таърихӣ, мо ҳеҷ гоҳ ба масоили дохилии ҳамсояҳои худ дахолат намекунем. Ҳамчунин, қотеона иброз медорем, ки мо Қувваҳои Мусаллаҳи худро ҳаргиз бар зидди кишварҳои ҳамсоя истифода намебарем. Баръакс, мо ҳамеша ҷонибдори он ҳастем, ки дар кишварҳои ҳамҷаворамон сулҳу субот ҳукмфармо бошад ва мо бо онҳо дар фазои оромиву субот ва дӯстиву ҳамкорӣ зиндагӣ кунем. Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсояи наздиктарини мо, кишвари дӯст, ҳамзабон, ҳамдин ва ҳамфарҳанги мо мебошад. Бинобар ин, мо ба сарнавишти мардуми он бетафовут нестем.

Ин суханҳо аз ҷониби сиёсатмадорони давлати Афғонистон ва мардуми он истиқболи гарм пайдо намуд. Аз ҷумла Ҳомид Карзай раисҷумҳури пешини Афғонистон дар саҳифаи фейсбукиаш аз суханронии ахири Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқболи бесобиқа карда, Пешвои миллати моро дӯсти ҳамешагии Афғонистон хонд.

Карзай Тоҷикистонро "кишвари дӯсту бародар" хитоб карда ва навиштааст:"Тайи чаҳордаҳ соли давраи хидматам бо Тоҷикистон ва бахусус бо шахси оқои раисҷумҳур равобити бисёр нек ва бародарона доштем. Тоҷикистон ҳамеша хостори таъмини сулҳ ва суботи пойдор дар Афғонистон буда ва ин воқеият як бори дигар дар суханронии ахири ҷаноби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонбозтоб ёфт. Орзумандам, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба миёни ду кишвар, Афғонистон ҳарчи зудтар соҳиби сулҳ ва оромиши сартосарии пойдор гардад".

Ҳамчунин як қатор коршиносон, шаҳрвандони афғонистон дар сомонаҳои минтақавию байналхалқӣ ҷасорат, самимимият ва инсондўстии Пешви муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳсан хонда, онро намунаи олии арҷгузорӣ ба фарҳангу оини халқиятҳои Афғонистон арзёбӣ намуданд. Масалан Аҳмад Муршед навиштааст: “Сипос ба Пешвои тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон! Барои ҳамдилӣ ба халқияти афғон”. Сайфурраҳмон Аҳадӣ гуфтааст: “Эмомалӣ Раҳмон инсони комил ва хуб аст. Тоҷикистон ҳамсояи наздики мо ва забони мо. Худованд чунин қаҳрамонҳоро дар паноҳаш нигоҳ дорад”. Ҳусайн Саидзода наивштааст, ки «Орзу дорам, ки Афғонистон низ чунин Пешво ва сиёсатмадор дошта бошад. Эҳсосот воқеъӣ ва ғамшарикӣ ба халқи Афғонистон ҳис карда мешавад. Зиҳӣ Пешвои тоҷикони ҷаҳон-Эмомалӣ Раҳмон”.

Мусаллам аст, ки миллионҳо нафар шаҳрвандони Афғонистон солҳост, ки беватан ҳастанд ва дар даҳҳо мамлакати дунё, дур аз ватани аҷдодӣ ва хонаву дари худ умр ба сар мебаранд. Ва ба қадри озодӣ, оромӣ ва таъмину амнияти кишвар мерасанд то ба кадом дараҷа муқаддас будани онро дарк менамоянд.

Ин баҳои одилона ва холисона коршиносон ва сокинони Афғонистон бори дигар сиёсатмадори дар сатҳи ҷаҳони будани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад.

Ба касе пӯшида нест, ки чорабини мавриди назар ба вазъи кишвари ҳамсояи мо – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, алалхусус, минтақаҳои шимолии он, ки рӯз ба рӯз мураккаб гардида истодааст, рабт дорад. Ин амри воқеист, чунки дар сурати муносибати дуюмдараҷа зоҳир намудан вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву ташкилоти террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти хатарнок метавонанд сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардуми кишвари моро халалдор намояд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Артиши миллӣ ҷиҳати бунёду таҷҳизонидани қисмҳои ҳарбӣ, ташкили навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, пурра намудани он бо ҳайати шахсӣ ва беҳдошти омодагии ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.

Артиши миллии кишвар дар муддати хеле кӯтоҳ ба як нерӯи бузурги ҷангӣ табдил ёфта, қодир аст, ки дастоварду манфиатҳои давлати соҳибистиқлол ва ҳаёти осоиштаи мардумро ҳимоя ва таъмин намояд.

Ҳифз ва ҳимояи Ватан, муҳофизати арзишҳои миллӣ, масъул будан дар оромию осоиштагии кишвар вазифаи ҷонии ҳар яки мо, шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. "Марз-2021" собит намуд, ки воқеан Тоҷикистон дорои неруи мастаҳками ҳарбӣ буда, бо истифода аз он дар ҳар шароите қодир аст, ки сулҳу суботи кишварро таъмин намояд. Гузашта аз ин, тамоми шаҳрвандони кишвар низ собит намуданд, ки бо матонату ҷасорат ва ғурури баланди тоҷикона омодаанд, ки ба қимати ҷон истиқлол ва оромии Ватанро гиромӣ ва ҳифз намоянд.

Мо бояд шукрона ин давлату миллат намуда, дар канори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истода, баҳри боз ҳам гулгулшукуфоии сарзамини аҷдодиямон саҳмгузорӣ намоем.


Маъмури Юсуфзод,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон