(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСубҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба масҷиди марказии ба номи Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, кулли сокинони вилояти Суғдро ба муносибати Иди саиди Қурбон табрик намуданд.

Зимни ироаи паёми табрикии худ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки Иди саиди Қурбон иди меҳрубониву вафодорӣ, садоқат, покию назофат ба шумор рафта, аз фарҳанги ғании исломӣ сарчашма мегирад ва дар ташаккули маънавии инсон ва такмили ахлоқи ҳамида мусоидат менамояд. Дар ин хусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Иди саиди Қурбон дар қатори дигар маросиму ҷашнҳои милливу давлатии мо аз ҷумлаи суннатҳои эътиқодиву динии халқамон маҳсуб меёбад ва дар марҳалаи давлатдории навини миллиамон ҳамчун мероси пурарзиши фарҳангӣ гиромӣ шуморида мешавад”.

- Мардуми сарбаланди кишвари азизамон аз он саодатманд ҳастанд, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола Иди Қурбон ва дигар ойинҳои эътиқодии худро дар фазои сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии ҷомеа чун иди аҷдодӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои инсондӯстонаи дини мубини Ислом таҷлил менамоянд.

Боиси таъкид аст, ки дар чунин айём анҷом додани амалҳои неку писандида, ба ҳамдигар дароз кардани дасти хайру саховат, гирифтани дасти ниёзмандон, ятимону маъюбон ва муҳтоҷону камбизоатон аз суннатҳои неки Иди саиди Қурбон ба шумор рафта, барои таҳкими дӯстию рафоқат, меҳру муҳаббат, рушду ободии Ватан ва осоиши ҳар хонадон мусоидат мекунад.

Мо аз он ифтихор мекунем, ки солҳои охир фарҳангу тамаддуни исломӣ дар рушду тавсеаи беҳтарин аъмоли хайру башардӯстона ва арзишҳои маънавию ҳаётӣ мусоидат намуда, мардумро ба заҳмати созандаву ободгарона, дӯстию рафоқат, таҳаммулгароӣ ва дигар хислатҳои неки инсонӣ раҳнамоӣ мекунад. Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо новобаста аз мансубияти миллию иҷтимоӣ ва дину мазҳаб бояд тамоми нерӯи хешро ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, мустаҳкам намудани риштаи дӯстию бародарӣ, таҳкими ваҳдату ягонагӣ, ҳифзу гиромидошти дастовардҳои давлати соҳибистиқлол, ободиву гул-гулшукуфии Ватани азизамон равона намуда, барои дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия намудани насли ояндасоз талош намоем.

Махсусан, дар шароити имрӯза, ки бемории сироятии коронавирус дар ҳаёти аҳли башар мушкилоти ҷиддӣ эҷод намудааст, моро лозим аст, ки гигиенаи шахсиро пурра риоя намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, макони серодам, нуқтаҳои савдо, нақлиёти мусофиркашон, боғҳои фарҳангию фароғатӣ аз ниқоб ва маҳлулҳои антисептикӣ истифода барем. Ҳамзамон зарур аст, ки аз ширкат дар ҳар гуна чорабиниҳо, алалхусус маъракаҳои тӯю сур худдорӣ намоем, ба тозагии манзили истиқоматӣ ва муҳити атроф аҳмият диҳем, дар ҳама ҳолат масофаи иҷтимоиро риоя намоем, қоидаву тавсияҳои Вазорати тандурустии кишварро вобаста ба пешгирӣ намудани густариши сирояти коронавирус риоя намуда, дар ҳифзи солимии худ ва аҳли ҷомеа саҳм гузорем,- таъкид намуд Раиси вилоят.

Раҷаббой Аҳмадзода изҳори боварӣ кард, ки мардуми вилоят чун тамоми сокинони сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо истифода аз имкониятҳо барои ободию пешрафти Ватани маҳбубамон фаъолият намуда, барои анҷом додани рисолати инсонӣ ва қарзи шаҳрвандияшон ба таври доимӣ кӯшиш менамоянд.

Намозгузорон бо хондани намози Иди Қурбон баҳри амну осоиштагӣ ва рушду тараққиёти кишвари маҳбубамон дасти дуо бардоштанд.

Бояд таъкид намуд, ки қабл аз оғози намози ид аз тарафи ризокорон беш аз 10 000 адад ниқобҳои тиббӣ барои намозгузорон тақсим карда шуд ва корҳои фаҳмондаҳӣ ҷиҳати иҷрои қоидаҳои беҳдоштӣ ва риояи фосила роҳандозӣ карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд