(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСубҳи имрўз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо мақсади амалӣ намудани сиёсати инсондўстонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Иди Қурбон ба манзили собиқадорони соҳаи маорифу хизмати давлатӣ Файзинисо Ғафурова ва Бойпоччо Фатҳиддинов рафта, эшонро аёдат намуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зикр намуд, ки Иди Қурбон-ҷашни садоқат, покию равшанӣ, анҷом додани таомули қурбонӣ дар айёми ҳаҷ, дӯстию муҳаббати байниҳамдигарӣ ба шумор рафта, аз фарҳанги ғании исломӣ сарчашма мегирад ва инсониятро ба шинохти ҳуввият ва асолату покӣ ҳидоят менамояд.

Дар ин хусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Иди саиди Қурбон дар қатори дигар маросиму ҷашнҳои милливу давлатии мо аз ҷумлаи суннатҳои эътиқодиву динии халқамон маҳсуб меёбад ва дар марҳалаи давлатдории навини миллиамон ҳамчун мероси пурарзиши фарҳангӣ гиромӣ шуморида мешавад”.

Мардуми сарбаланди кишвари азизамон аз он саодатманд ҳастанд, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола Иди Қурбон ва дигар ойинҳои эътиқодии худро дар фазои сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии ҷомеа чун иди аҷдодӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои инсондӯстонаи дини мубини Ислом таҷлил менамоянд.

Боиси таъкид аст, ки дар чунин айём анҷом додани амалҳои неку писандида, ба ҳамдигар дароз кардани дасти хайру саховат, гирифтани дасти ниёзмандон, ятимону маъюбон ва муҳтоҷону камбизоатон аз суннатҳои неки Иди саиди Қурбон ба шумор рафта, барои таҳкими дӯстию рафоқат, меҳру муҳаббат, рушду ободии Ватан ва осоиши ҳар хонадон мусоидат мекунад.

Аёдатшудагон ва волидони онҳо ба роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати дастгириҳои доимӣ ва ғамхориҳои пайвастаашон миннатдории худро изҳор намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд