(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИДЕСТ ПУР АЗ ФАЙЗУ БАРАКАТ

Хамшаҳриёни азиз!

Шуморо ба муносибати фаро расидани Иди саиди Қурбон, ки яке аз маросими мубораки дини мубини ислом ва аз ҷумлаи суннатҳои бисёр писандидаи мардуми мусалмони мо мебошад, самимона табрику таҳният менамоям.

Фарҳанги ғановатманди исломӣ дар тарбияи ахлоқии ҷомеа, ташаккул ва такомули худшиносиву худогоҳии халқу миллатҳои гуногуни дунё, аз ҷумла мардуми сарзамини мо нақши барҷаста дорад. Шукргузорӣ аз неъматҳои Парвардигори олам ва меҳрубонӣ ба ҳамдигар яке аз хислатҳои хеле қадимӣ ва наҷиби миллати мо буда, махсусан дар ин рӯзи муборак дили касеро ба даст овардан ва нисбат ба ятимону бепарасторон, мӯҳтоҷону барҷомондагон ва шахсони камбизоат хайру саховат кардан амали ниҳоят савоб маҳсуб меёбад. Зеро, хайру сахо аз ҷумлаи воҷиботи дини ислом ба ҳисоб меравад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Ҷавҳари асосии Иди Қурбонро талқини арзишҳои инсонӣ, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон, изҳори ҳам-дардӣ ба азодорон ва хайру эҳсон ба ятимону маъюбон, дармондагону ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат ташкил медиҳанд».

Бинобар ин, дар рӯзҳои ид ва дигар суннату маросим ба мӯҳтоҷон ба андозаи имкон расонидани кӯмаки моддӣ яке аз фазилатҳои бузурги мардуми мо буда, дар кишварамон тадриҷан ба ҳукми анъанаи нек даромада истодааст.

Ба шарофати истиқлолият арзишҳои динӣ дар зиндагии халқи мо баробари арзишҳои олии инсонӣ мақому манзалати баланд касб намудаанд ва онҳо имрӯз ҳаёти ҷомеаро аз бисёр ҷиҳат танзим мекунанд.

Мо ин арзишҳоро ба сифати сарчашмаи мусаффои ахлоқи ҳамида ва василаи муассири тарбияи инсони комил мепазирем, ки дар роҳи худшиносӣ ва дарки ҳувияти инсонӣ ба мардум хизмати арзанда менамоянд.

Имрӯз сиёсати пешгирифтаи давлат барои ҳар фарди ҷомеа имкон фароҳам овардааст, ки барои рӯз ба рӯз беҳтар сохтани зиндагии худ ва рушду ободии Ватани азизамон ба заҳмати бунёдкорона машғул шуда, дар пешрафт ва таъмини осудагии он саҳми муносиб гузорад.

Аз ин лиҳоз, итминон дорам, ки сокинони шарафманди Хуҷандшаҳри азизамон дар радифи мардуми шарифи Тоҷикистон минбаъд низ саъю талоши хешро дар роҳи тарбияи ахлоқии наврасону ҷавонон, ба роҳи дуруст раҳнамоӣ кардани онҳо, боз ҳам вусъат бахшидан ба созандагиву бунёдкорӣ ба хотири ободиву пешрафти кишвари маҳбубамон ва ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии давлати соҳибистиқлоламон дареғ нахоҳанд дошт.

Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек, ҳамаи шумо, ҳамшаҳриёни азизро бори дигар бо Иди саиди Қурбон сидқан табрик намуда, ба хонадонатон ободиву осудагӣ, саодату сарбаландӣ ва файзу баракат орзумандам.

Иди саиди Қурбон муборак, ҳамшаҳриёни гиромӣ!