(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 16 июн то 16 июли соли 2021 мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба футбол байни варзишгарони соли таваллудашон 2008-2009 ва 2006-2007 ташкил ва баргузор гардид.

Мусобиқа дар майдони футболи Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии №1»-и баргузор гардида, дар он зиёда аз 400 нафар футболбозони наврас дар ҳайати 20 байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар натиҷа байни футболбозони соли таваллудашон 2008-2009 сазовори ҷойи якум дастаи “Садаф”, ҷойи дуюм дастаи “Томирис” ва сазовори ҷойи сеюм дастаи “Сомониён” гардиданд.

Дар байни футболбозони соли таваллудашон 2006-2007 сазовори ҷойи якум дастаи “Хуҷанд”, ҷойи 2 дастаи “Амирӣ” ва сазовори ҷои сеюм дастаи “Кайҳон” сазовор гардиданд.

Ҳадаф аз баргузории мусобиқа ин густариши намуди футбол, мустаҳкам намудани дўстӣ байни наврасону ҷавонон ва дар ин замина пешгирии онҳо аз ҳар гуна ҳодисаҳои номатлуб, мусоидат намудан ба иҷрои вазифаи давлатӣ оиди тарбияи солими аҳолӣ, ташвиқу тарғиб ва рушду инкишофи бозии футбол дар байни омма ба ҳисоб меравад.

Дар маросими ҷамъбасти мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, мураббиён ва собиқадорони намуди футбол иштирок намуда, доир ба дастовардҳои варзишгарон дар солҳои Истиқлолият суханронӣ намуданд.

Дар охир ғолибон ва ҷоизадорон бо ифтихорномаҳо ва тўҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадршиносӣ карда шуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд