(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altИмрӯз аз ҷониби Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ба беморон ва табибони Беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд ва беморхонаи вилоятӣ, ки дар ин шабу рӯз бо бемории короновирус мубориза мебаранд, маводҳои ғизоӣ расонида шуд.

Маводҳои ғизоии ниёзи аввалия, аз қабили орд, равған, гўшт, биринҷ, шакар, макарон, сабзӣ, пиёз, картошка ва ғайра иборат буда, чунин иқдом дар оянда низ идома дода мешавад.

Бояд қайд намуд, ки дар ин шабонарӯз беморон бо хўроки гарм, доруворӣ ва дигар шароитҳои лозима дар госпиталҳои табобатии зикргардидаи ҳудуди шаҳр бо дастгирии Давлату Ҳукумат таъмин буда, аз ҷониби табибони шафқат баҳри хизматрасонии шаҳрвандон, бахусус ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории коронавирус чораҳои мухталиф роҳандозӣ намуда истодаанд. Табибон ҳамарӯза ҷиҳати қабулу бистарикунонии беморон, маслиҳат ва машварат дода, барои ҳарчӣ зудтар барқарор намудани саломатии эшон ҷаҳд намуда истодаанд.

Имрўз ин муассиссаҳои тандурустӣ бо нақлиёти хизматӣ, либосҳои ҳифозатӣ, ниқобҳои тиббӣ, маҳлулҳои антисептикӣ таъмин гардида, ҳамзамон миқдори муайяни доруворӣ захира гардидааст.

Кормандони Беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд ва беморхонаи вилоятӣ аз ин таваҷҷуҳу ғамхории саривақтӣ ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории хешро расониданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд