(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбасти соли таҳсили 2020-2021-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 нафар хонандагони шаҳри Хуҷанд дар озмунҳои барои дарёфти аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра ва аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра комёб гардиданд.

Озмун дар толори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, ғолибон муайян гардиданд.

Ҳамин тавр, хонандагони гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд Суман Раҳматуллоева, Дилноза Дадобоева, гимназияи №4 Фариза Мирзохўҷаева, МТМУ №28 Шаҳноза Расулзода, литсейи донишкадаи политехникӣ Анзурат Аминова, Азамат Шерматов, МТҒ “Ирфон” Маҳастӣ Иброҳимзода ва Дилноза Абдуғаффорова медалҳои тилло ва хонандагони литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Машҳура Юлдошева, гимназияи Гёте Саидҷон Бобоҷонов, литсейи ДДҲБСТ Абдурасул Урунбоев медалҳои нуқраро дар ин озмун баъди супоридани имтиҳоноти ҷиддӣ ва шаффоф ба даст оварданд.

Ин дастоварди беназир ба тамоми сокинони шаҳри Хуҷанд муборак бошад!


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд