(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва таъмини солимии сокинон дар шаҳри Хуҷанд ҳамарӯза тадбирҳои безараргардонии сартосарӣ гузаронида мешаванд.

Шоми дирӯз корҳои безараргардонӣ аз ҷониби сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тибқи дастуру супоришҳои раисони ситодҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Covid-19 роҳандозӣ карда шудаанд.

Ин навбат корҳои безараргардонӣ дар кўчаҳои микроноҳияҳои 31, 32, 33, кўчаҳои Аминҷон Расулов, Фирдавсӣ, Шарқ ва хиёбони Исмоили Сомонӣ бо ҷалби кормандони воҳидҳои махсуси хадамоти оташнишонӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидмологии шаҳру вилоят ва дигар сохторҳои шаҳрдорӣ бо сафарбаркунии мошинҳои махсус ва дастгоҳҳои безараргардонӣ сурат гирифтанд.

Инчунин корҳои безараргардонӣ дар ҳудуди бозори марказии «Панҷшанбе», ки макони серодам маҳсуб меёбад ва мавзеъҳои фароғатию истгоҳҳои нақлиётии ҳудуди он ба роҳ монда шуданд.

Риояи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва маълумоти умумӣ дар бораи паҳншавии короновирус моро аз ҳамагуна сироятёбӣ ба ин беморӣ мераҳонад. Дар ин раванд масъулиятшиносӣ аз ҳар як шахс тақозо мегардад.

Бо вуҷуди андешидани тадбирҳои пешгирӣ ва роҳандозии корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ риоя нагардидани тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандон ва марказҳои савдою хизматрасонӣ ба чашм мерасад, ки ин сабаби нигаронист.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд