(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСубҳи имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Фирдавс Шарифзода ҷаласаи навбатии ситоди мазкур баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои Ситод раванди фаъолияти мубориза оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» дар шаҳри Хуҷандро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд.

Нахуст гузориши сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳр Раҳмон Муҳаммадиев вобаста ба ҷараёни пешгирӣ ва табобати бемории короновирус шунида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки пас аз эътироф гардидани бемории короновирус тибқи дастури Ситоди шаҳрӣ дар тамоми ҷабҳа корҳои мубориза ва фаҳмондиҳӣ пурзўр гардида, фаъолияти шабонарўзии маъулини ситод роҳандозӣ карда шуд.

Таъкид шуд, ки мавҷи сирояти нави ҳозира дорои дараҷаи баланди сироятнокӣ мебошад. Миқдори зиёди беморӣ бенишон буда, аломатҳои клиникавӣ надорад, ки ин сабаби ноаён ва тез паҳншавии беморӣ дар байни аҳолӣ гардида истодааст. Аз ин дидгоҳ шаҳрвандонро зарур аст, ки боэҳтиёт бошанд, бепарво нагарданд, бениқоб набошанд, гигиенаи ҷамъитиро риоя ва фосилаи иҷтимоиро нигоҳ доранд. Тарсро ҷой надиҳанд, вале ҳатман эҳтиёткор бошанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Фирдавс Шарифзода ба масъулини дахлдор, аз ҷумла муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд, сардухтурони марказҳои саломатӣ, раисони маҳаллаҳо дастур дод, ки барои муолиҷа, пешгирӣ ва фароҳам овардани шароит ба алоқаманд ва беморони кароновирус мусоидат намоянд.

Фаъолияти марказҳои савдою хизматрасонӣ, маконҳои истироҳату фароғат ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ зери назорати доимӣ қарор гирифта, корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби шуъбаю сохторҳои кор бо маҳаллаҳо, занон, ҷавонон ва дигарон ҷоннок карда шавад.

Таъкид гардид, ки аз ҷониби сохторҳои шаҳрдорӣ тибқи нақша дар кӯчаву хиёбон ва манзили шаҳрвандон корҳои безараргардонӣ ҷараён дошта, он дар оянда низ идома хоҳад ёфт. Дар беморхонаҳо беморон зери назорати доимии духтурон ва ғамхории Давлату Ҳукумат қарор доранд.

Имрӯз беморхонаҳо бо доруворӣ ва дигар шароити табобу ташхис таъмин гардида, дар марказҳои саломатӣ низ духтурон шабонарӯзӣ заҳмат кашида истодаанд.

Зикр гардид, ки шаҳрвандон бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии навъи коронавирус набояд ба ҷойҳои серодам раванд, аз дастфишорӣ худдорӣ намоянд, тез-тез дастони худро бо собун ё ин ки бо маҳлулҳои безараркунонишуда шӯянд, ба оддитарин қоидаҳои гигиенаи шахсӣ риоя намоянд, бидуни зарурат ба кӯча набароянд. Муҳимтар аз ҳама худ ва атрофиёнро эҳтиёт намоянд.

Дар охири ҷаласа изҳори умедворӣ карда шуд, ки бо сарҷамъию муттаҳидӣ, сайъю талоши якҷоя ва албатта, бо кӯмаку дастгирии ҷомеаи меҳнатӣ, бо саъю кӯшиши муштараки сокинону соҳибкорони бонангу номуси шаҳр ин мушкилотро паси сар мекунем, аз ин вабои аср раҳоӣ меёбем ва ба рӯзгори орому осоиштаи худ идома мебахшем, шаҳри азизамон Хуҷанди бостониро боз ҳам ободу зеботар мегардонем.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд