(2 овоз, миёна 3.00 аз 5)

altСубҳи имрӯз бо садо додани Суруди миллӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти робарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум ба кори худ шуруъ намуд.

Дар кори иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, вакилони шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, раисони маҳаллаҳо, намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат намуданд.

Нахуст вакилон масъалаҳои баррасишавандаи рўзномаи иҷлосияи тасдиқ намуданд.

Аз рўи масъалаи якуми рўзнома Фирўза Нуруллозода, вакили шаҳрӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, роҷеъ ба “Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, № 79 “Дар бораи Барномаи тарбияи ватандўстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” дар шаҳри Хуҷанд” маълумот дод.

Иттилоъ дода шуд, ки тарбияи ватандўстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон яке аз ҷузъҳои таркибии ҷараёни тарбия ба ҳисоб рафта, ҷавононро дар роҳи садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, худогоҳию хештаншиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ҳидоят мекунад. Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ҷавонон ба сифати нерўи пуриқтидор ва ҳомии Ватан эътироф шудаанд.

Имрўз, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аст, тарбияи ватанпарастӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон муҳимтарин воситаи ҳаракатдиҳандаи пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Ҳисси ватандўстӣ, ки яке аз рукнҳои ҳувияти миллии мардуми тоҷик аст, омили асосии эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз таҳдидҳои замони муосир ба ҳисоб меравад.

Аз ҳамин рў, маҳз ватандўстӣ метавонад бар зидди таҳдидҳои замони муосир ҳамчун қувваи бузурги муҳофизатии ватану таърихи он ва руҳияи шикастнопазири миллат табдил ёбад.

Қобили қайд аст, ки ҷиҳати амалисозии Барномаи мазкур дар шаҳр қарори Раиси шаҳр аз 21 июни соли 2019, №462 ба тасвиб расида, Барнома ва нақшаи маблағгузории чорабиниҳои он тасдиқ ва амалӣ гардида истодаанд.

Дар муҳокимаи масъалаи мазкур вакили шаҳрӣ Маҳфуза Набиҷонова баромад ва андешаронӣ намуд.

Зимни баррассии мавзуи номбурда Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода, аз ҷумла зикр дошт, ки масъалаҳои таблиғи ғояҳои ватандўстӣ, худшиносии миллӣ, тамаддунофарӣ, фарҳангдўстӣ ва аз худ кардани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дар байни ҷавонон, ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеаро мавриди таҳлилу омўзиш қарор диҳанд, ҳамчунин ба масъалаи ҷалби ихтиёриён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва саривақт иҷро гардидани нақшаи даъвати баҳориву тирамоҳӣ диққати махсус равона карда шавад.

Таъкид шуд, ки масъулияти тамоми масъулини мақомоти маҳаллӣ вобаста ба масъалаи тарбияи ватандўстии ҷавонон ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дучанд гардонида шавад, ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии иқтисодии ҷавонон, дастгирии соҳибкорони ҷавон, таъсиси ҷойҳои кории ба талаботи замон мувофиқ ва ҷалби бештари ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои амалӣ андешанд. Баҳри таъмини маблағгузории Барномаи тарбияи ватандўстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон, истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошуда чораҳои зарурӣ андешида, дар буҷети солҳои минбаъда маблағҳои заруриро пешбинӣ намоянд.

Аз тарафи шаҳрдор масъулини дахлдор ба масъалаи таъмини самаранокии таҷрибаомўзии истеҳсолии донишҷўён, бо ҷои кор таъмин намудани онҳо баъди хатм ва бо роҳхат ба ҷои кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани он, ҷалби магистрантону аспирантон ба таҳқиқи масоили илмҳои дақиқ, ба талаботи ҷаҳони имрўза ва суръати рўзафзуни пешрафти илму техника мутобиқу ҷавобгў намудани фаъолияти паркҳои технологӣ муваззаф гардиданд.

Сипас вакилон ҳисоботҳои комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии “Хебитат”, № 40 Иномҷон Почоевро оид ба рафти иҷрои ваколати вакилӣ шунида, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сипас оид ба масъалаи «Дар бораи тасдиқ намудани нақшаҳои муфассали тарҳрезишудаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд» сармеъмори шаҳр Абдумубин Исоев баромад намуда, лоиҳаҳои пешниҳодшударо муаррифӣ кард.

Вакилон баъди қабули таъғиру иловаҳо тасдиқи онро зарур донистанд.

Дар ҷараёни иҷлосия як қатор қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷанд баъди муҳокима тасдиқ гардиданд.

Сипас муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ баромад намуда, роҷеъ ба масъалаҳои баррасишудаи иҷлосия изҳори назар намуд.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба кори иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум ҳусни анҷом бахшида, аз ҷумла зикр дошт, ки ҳар кадоми моро зарур аст, ки дастуру нишондодҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зикршударо бори дигар амиқ омўхта, ҳамчун дастури раҳнамо ва чароғи ҳидоят пазируфта, барои расидан ба ҳадафҳои наҷиби оини давлатдории миллӣ,ҳифзи арзишҳои Истиқлолият ва таъмини ваҳдати миллӣ талош варзем.

Таъкид шуд, ки мардуми Хуҷандшаҳр барои дар амал татбиқ намудани нишондодҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру вазифагузориҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро бо амри дил иқдом намуда, ҳама якҷоя бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо беҳтарин ҳадяҳои маънавӣ ва корномаҳои созанда истиқбол мегирем.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд