(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altБо мақсади пешгирӣ ва фаҳмонидани оқибатҳои ногувори бемории сироятии коронавирус аз ҷониби гуруҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳр ва нуқтаҳои савдою хизматрасониҳо бо ҷалби ризокорон корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шуд. Дар рафти аксия ба харидорону фурӯшандагон зарурати пӯшидани ниқобҳои ҳимоятӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ, дастонро зуд – зуд бо маҳлулҳои безаргардонӣ шустан тавсияҳо дода шуд. Қайд гардид, ки безарурат гаштугузор дар бозор хатар ба саломатӣ дошта, навъи бемории коронавирусе, ки ба қайд гирифта шуд, зуд ҷисми инсонро беҳолу бемадор мегардонад.

Зимни суҳбат ба онҳо тавсия дода шуд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маконҳои серодам аз ниқобҳои муҳофизатӣ ҳатмӣ истифода бурда, қоидаҳои беҳдоштро риоя намоянд.

Ҳамчунин ба сокинон маслиҳат дода шуд, ки нисбат ба саломатии худу атрофиён бепарвоӣ зоҳир накарда, барои эмин мондани худ ва наздиконашон аз ин бемории хатарноки сироятӣ ба марказҳои саломатии макони зисташон муроҷиат намуда, бо духтурони оилавӣ дар иртибот бошанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд