(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, бо мақсади тақвият бахшидан ба нерӯи зеҳнии устодон ва донишҷўён баҳри иҷрои барномаи «Бистсолаи омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ», ки барои солҳои 2020-2040 эълон гардидааст, тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Ҳамчунин барои иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурўғи маърифат” заминаи мусоид муҳайё карда шудааст. Зеро ҳадафи асосӣ аз иқдомоти зикршуда ташаккул додани ҷаҳонбинии илмии ҷомеа, рушди тафаккури техникӣ, пайванди илм бо истеҳсолот махсусан ҷалби бештари донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба ҳисоб рафта, барои дарёфти истеъдодҳои нав дар самти рушди технологияи инноватсионӣ ва раҳнамоии ҷавонон ба ихтироъкориву навоварӣ мусоидати бевосита мекунад.

Боиси сарфарозист, ки Зулолабону Муҳсинзода, донишҷўйи соли сеюми факултаи муҳандисӣ – технологӣ, ихтисоси истеҳсол, коркард ва нигоҳдории маҳсулоти растанипарварӣ дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурўғи маърифат” дар номинатсияи ихтироъкорию навоварӣ иштирок намуда, соҳиби чойҳои ифтихорӣ гашт. Мавсуф дар даври донишкадавӣ соҳиби Дипломи дарачаи III шуда, дар даври ноҳиявӣ иштирок намуда, сазовори Дипломи дарачаи II гашт. Инчунин ба даври вилоятии озмуни мазкур роҳхат гирифт.

Бояд қайд намуд, ки лоиҳаи пешниҳоднамудаи Зулолабону Мухсинзода “Технологияи инноватсионии парвариши қулфинай дар гармхона” буда, онро ман бо роҳбарии устодони кафедра дар амал татбиқ намуд. Навгонии ин технология барои парвариши қулфинай -- дар рафҳо ҷойгир намудани халтачаҳои дорои субстрати махсус омодашуда мебошад. Мақсади лоиҳаи инноватсионӣ - аз масоҳати кам гирифтани ҳосили зиёд мебошад.

Мавсуф ният дорад, ки дар оянда ҳамчун мутахассиси соҳаи кишоварзӣ фаъолият бурда, барои пешбурди соҳаи кишоварзӣ саҳми худро гузорад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд