(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altБо мақсади пешгирии бемории короновирус ва дигар бемориҳои сироятӣ, ҳамзамон муътадил нигоҳ доштани вазъи беҳдоштӣ дар қаламрави шаҳри Хуҷанд дар асоси супориши Ситодҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави короновирус аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳр дар як қатор кўчаву хиёбон ва маҳаллаҳои соҳили рости шаҳри Хуҷанд тадбирҳои безараргардонӣ амалӣ карда шуд.

Корҳои тамизгардонӣ нахуст дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон, яъне истгоҳҳои нақлиётӣ, роҳҳои зеризаминӣ, марказҳои савдову бозор, кӯчаву хиёбон, мавзеъҳои фароғатӣ ва ғайраҳо ба роҳ монда шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ин тадбирҳо то пурра анҷом ёфтани паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар тамоми шаҳр идома меёбанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд