(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСубҳи имрўз маросими видоъ бо Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ - Ҳамроҳ Тоҳироваи 100, бонуе, ки дами вопасини умр аз набзи ҷомеа огоҳ буд, дар манзили истиқоматиаш бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, хешовандон ва пайвандону шогирдон, аҳли маҳалла баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни ироаи номаи тасаллият гуфт ки Ҳамроҳ Тоҳирова яке аз бонувони фаъол ва соҳибмақому соҳибэътибори шаҳр буда, дар ҳаёти иҷтимоию иқисодии шаҳр нақши бориз гузоштаанд. Мавсуф соли 1965 дар вакили анҷумани ХХIII КПСС интихоб гардида, гирифтани унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, орденҳои Ленин ва «Ситораи Сурх» ва насибашон гашта буд. Ҳарчанд номи Ҳамроҳ Тоҳирова дар тамоми Иттиҳоди Шуравӣ машҳур шуд, аммо савори аспи ғурур набуда, балки фурўтан монданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Ҳамроҳ Тоҳирова аз аввалин бонувони шаҳри Хуҷанд аст, ки соли 1974 ба муносибати 50-солагиаш ба унвони Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд шарафёб гардиданд ва ҳамон сол ба нафақа баромаданд. Вале аз корҳои ҷамъиятӣ дар канор набуданд, дар ҷамъомад аз таҷрибаи зиндагии хеш ҳикоя мекарданд, роҳҳои пешрафти худ ва пешбурди коргоҳро ба ҷавонони навкор нишон медоданд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, арзи тасаллияти Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли хонаводаи Ҳамроҳ Тоҳирова расонида, аз ҷумла қайд кард, ки мавсуф яке аз бонувони фидокор, заҳматпеша, сиёсатмадор, қаҳрамонмодар буданд, ки то дами вопасини умр ҳамеша дар роҳи пешрафт, рушду тараққиёти Ватани маҳбубамон дуои нек менамуданд. Ҳамеша аз хидматҳои беназири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу Ваҳдати мардум ҳарф мезаданд.

Дар маросими видоъ Муҳиддин Қодиров, пайванди Ҳамроҳ Тоҳирова ва Раиси Шўрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода низ аз амалҳои нек, созанда ва мондагори Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ- Ҳамроҳ Тоҳироваи ёдоварӣ намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд