(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 Фирдавс Шарифзода бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии COVID -19 дар асоси дастуру вазифагузориҳои роҳбарияти вилояти Суғд гуруҳҳои корӣ ба минтақаҳои гуногуни шаҳр барои бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ сафарбар карда шуданд.

Гуруҳи корӣ асосан дар мавзеъҳои серодам, аз ҷумла дар ҳудуди бозори марказии “Панҷшанбе” варақаҳои таблиғотиро тақсим карда шуд ва аз шаҳрвандон даъват ба амал оварданд, ки дар ин рӯзҳои мушкил ба таҳлукаву тарс дода нашаванд, балки бо риоияи гигиенаи шахсӣ саҳме дар рафъи ин беморӣ гузоранд.

Зимнан таъкид шуд, ки бемории мазкур табобатшаванда аст ва пизишкони кишвар бо истифода аз имконияту дониши худ ба таври шабонарӯзӣ дар хидмати беморон қарор доранд. Вазъи эпидемологӣ дар шаҳри Хуҷанд зери назорати қатъии Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 қарор гирифта, аъзои ситод ҷиҳати пешгирӣ ва корҳои фаҳмондиҳӣ як қатор чорабиниҳоро пиёда намуда истодааст.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд