(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода вобаста ба пайгирӣ аз татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ эълон намудани саноатикунонии босуръати мамлакат аз корхонаи саноатии «Нассоҷии Хуҷанд», «ВТ Силк» ва «САТН» боздд ба амал оварданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи мазкур вобаста ба сати фаъолият корҳо ҷараён дошта, ҳамзамон тадбирҳои васеъ намудани иқтидорҳо амалӣ карда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нассоҷии Хуҷанд” ҳафт коргоҳ, аз қабили ресандагӣ, бофандагӣ, рангу пардоздиҳии риштаву матоъҳо ва истеҳсоли либоси гуногун мавҷуд аст, ки барои коркарди пурраи пахта шароит ва майдони истеҳсолӣ имкон дорад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи муштараки ВТ Силк дидан намуда, аснои шиносои аз ҷараёни истеҳсолот ба масъулини соҳаи саноат ва роҳбари корхонаи мазкур дастур дод то коркарди пурраи пилларо дар дохили мамлакат ба роҳ монанд. Ҳамзамон азнавсозии дастгоҳҳои корхона мутобиқ ба талаботи замон муҳим дониста шуд.

Фаъолияти корхонаи "САТН" ба истеҳсоли сарулибос аз нахи пахта равона карда шудааст. Дар сехҳои он маҳсулоти хоми ватанӣ, пахта то ба коркардаи ниҳоӣ расонида мешавад. Раиси вилоят аз фаъолияти бонуззами корхона тавсиф намуда, ба роҳбари корхонаи "САТН" барои бо иқтидори пурра фаъолият намудан дастур маслиҳатҳои муфид дода, ҷиҳати бакорандозии хатҳи нави истеҳсолӣ машваратҳо дод.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти корхонаи "САТН"дастур дод, ки бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ ҷиҳати истифодабарии имконоти пурраи корхона тадбирҳо андешида шаванд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд