(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд озмуни “Кенгуруи математикии байналхалқӣ” гузаронида шуд ва дар он хонандагон аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат варзиданд.

Яке аз шартҳои асосии озмун дар ҷараёни он ин истифода набурдани ҳисобкунак (калкулятор) ва адабиёти гуногун мебошад, яъне хонандагон бояд ба саволҳои озмун бидуни васоити ёрирасон ҷавоб нависанд. Дар озмуни Кенгуру зиёда аз 200 нафар хонандагон иштирок карданд.

Бояд қайд намуд, ки дар озмун масъалаҳои мантиқӣ, ҳамчунин саволҳо аз олимпиада бо якчанд вариантҳо пешкаши хонандагон карда мешавад, ки бояд дар ҳудуди вақти муайян ба ҳамаи саволҳо ҷавобҳои дуруст ва мушаххас диҳанд.

Яке аз фаъолтарин муассисањои таълимӣ дар озмуни мазкур хонандагони гимназияи Гётеи шаҳри Хуҷанд буданд, ки дар он аз синфи 2 то 6-ум 52 нафар хонандаи гимназия иштирок карданд. Натиҷаи озмуни байналхалқӣ нишон дод, ки аз шумораи мазкур 31 нафар хонанда соҳиби Сертификат, 12 нафар соҳиби медали биринҷӣ, 8 нафар нафар соҳиби медали нуқра ва 1 нафар соҳиби медали тилло шуданд.

Салоҳиддин Эргашев, хонандаи синфи 3-юми гимназияи ба номи Гёте дар озмуни мазкур ягона нафаре аст, ки соҳиби медали тилло ва ҷои ифтихорӣ гаштааст. Салоҳиддин дар оянда мехоҳад барномасози номӣ шуда, дар рушду нумӯи соҳаи технологияи рақамӣ саҳми худро гузорад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Кенгуру, озмун-бозии байналхалқии математикӣ байни хонандагон – номи расмии байналхалқии он “Кенгуруи математикии байналхалқӣ” ё “Кенгуру бе сарҳад” аст. Озмуни мазкур бори аввал дар Австралия соли 1978 бо идеяи Питер О’Хэллоран гузаронида шуд. Аз ин лиҳоз, озмуни мазкур номи Кенгуруро гирифтааст. Аз соли 1993 Кенгуру сатҳи байналхалқиро гирифтааст. Имрӯз он яке аз озмунҳои сатҳи олии интеллектуалӣ дар миқёси ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва аз 77 давлати ҷаҳон наздик 6 миллион нафар хонандагон иштирок мекунанд. Бо мақсади дастгирии хонандагон ва ҳавасманд намудани онҳо, аз соли 1991 барои иштирок дар озмуни мазкур аъзоҳаққии яквақта ҷорӣ карда шуд ва ба хонандагон тӯҳфаҳои рамзӣ тақдим карда мешуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд