(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрўз аз ҷониби муовини сардори РВКД ҶТ дар вилояти Суғд полковники милитсия Эмин Ҷалилзода ба прокурори шаҳри Хуҷанд мушовири адлияи дараҷаи якум Авазҷон Назарзода ва ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд, ҳуқуқшиноси дараҷаи сеюм Беҳруз Қурбонзода медалҳои «Барои ҳамкорӣ», ВКД ҶТ, ки фармони қадршиносии он аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ба имзо расидааст, дар ҳузури сардори Шуъбаи амнияти дохилии РВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Бахтиёр Сатторзода, сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд полковники милитсия Илҳом Қосимзода ва кормандони прокуратураи шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.

Полковник Эмин Ҷалилзода, муовини сардори РВКД ҶТ дар вилояти Суғд зимни тақдими медалҳо, изҳор дошт, ки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ба фаъолияти назарраси кормандони прокуратураи шаҳри Хуҷанд, бахусус роҳбарияти он дар самти мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, хосса ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохила баҳои баланд дода, онро намунаи олии ҳамдилии мақомоти корҳои дохилӣ ва мақомоти прокуратура дар ҳамагуна самти фаъолияти корӣ унвон намудааст.

Таъкид гардид, ки фаъолияти ҳамгироии прокуратураи шаҳр бо мақомоти корҳои дохилӣ баҳри ошкор ва пешгирии ҷиноятҳои муташаккил ва рўзмарра мусоидат намудааст. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки дар оянда низ ҷонибҳо барои бо фаъолияти мутақобила ва ташаббускорона дар самти таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пешгирӣ, ошкор намудан ва кушодани ҷиноят, дигар ҳуқуқвайронкуниҳо ва тартиботи ҷамъиятӣ сайъ хоҳанд намуд.

Прокурори шаҳри Хуҷанд мушовири адлияи дараҷаи якум Авазҷон Назарзода аз ин таваҷҷуҳ ва қадршиносӣ ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода миннатдории самимӣ изҳор дошта, таъкид намуд, ки фаъолияти мақомоти прокуратура баҳри иҷрои дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешови миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муборизаи оштинопазир бо ҳамагуна ҳуқуқвайронкуниҳо нигаронида шуда, ҳамкории мутақобилан судманд бо дигар мақомти ҳифзи ҳуқуқ яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳими расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузошташуда мебошад.

Авазҷон Назарзода зикр дошт, ки мо бояд ҳамкориҳоро бо мақомоти корҳои дохилӣ дар оянда низ тақвият бахшида, дар мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ва таҳдиду хатарҳои замони муосир дар ҳамбастагию якҷоягӣ фаъолият намоем. Ҳамзамон масоили ҳамкориҳоро дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, сепаратизм, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилооти оперативӣ ва дигар ҷанбаҳои фаъолият ҷоннок намоем.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд